Эй баландахтар Худоят умри ҷовидон диҳад,

Он чи пирузию баҳрузӣ дар он аст он диҳад.

Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад,

Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад.

Устоди арҷманд Рустам Буранович,

Дар ин лаҳзаҳои фараҳу шодӣ иҷозат фармоед Шуморо ба ифтихори солгарди мавлудатон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо ва наздикону пайвандонатон тани сиҳату хонаи обод, комёбию сарбаландӣ, фирӯзию сурур ва саодату обрӯмандӣ орзу намоем.

Бо изҳори ихлосу самимият арз медорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар муассисаи таълимӣ тамоми кормандон дар фазои мусоиду созгор машғули кору фаъолият мебошанд ва ба муваффақияту комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд. Маҳз, ҳидояту дастурҳои арзишманди Шумо барои рушду пешрафти фаъолияти кормандон мусоидат менамояд.

Бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ бояд изҳор дошт, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ, ки Шумо роҳбарии коллељро бар дӯш доред, симои муассиса ба куллӣ тағйир ёфта, зинаҳои баланди илму дониш фатҳ гардида, сатҳи таълиму тадрис боло рафта истодааст. Он нукта далели қатъии гуфтаҳои болоист, ки шояд Шумо дар байни роҳбарони ин муассисаи илмию тадрисӣ яке аз он роҳбароне бошед, ки баҳри муҳайё намудани шароити мусоид барои толибилмон камари ҳиммат баста, ҷиҳати бунёд кардани биноҳои таълимӣ тасмим гирифтаед ва дар як муддати кӯтоҳ бинои боҳашамати баландошёна қомат афрохтааст.

Дар ин иртибот, бо камоли итминон метавон изҳор дошт, ки Шумо бо кору пайкори суботкоронаатон воқеан ҳам собит сохтаед, ки боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сазовор гаштаед ва дар обод кардани як гӯшаи Ватани муқаддасамон саҳми арзанда гузоштаед. Шумо бо амали созанда ва фаъолияти бунёдкоронаатон тибқи гуфтаҳои Шайх Саъдӣ “Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол; тавонгарӣ ба ҳиммат аст, на ба мол” амал намуда, шарофатмандона дар дилу дидаи кормандон ҷой гирифтаед.

Аз ин ҷост, ки имрӯз ҳар як корманди коллељ бо номи Шумо ифтихор менамояд ва баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад ва дар ин ҷода пайваста дастгирию кӯмаки Шуморо эҳсос мекунад.

Вобаста ба ин, мехоҳем бори дигар Шуморо бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гӯем ва таманниёти худро аз забони шоир чунин изҳор созем:

Ба руят осмон дар ханда бошад,
Ҷамолатро ҳама гул банда бошад.
Ба ин айёми некӯ зодрӯзат,
Ҷаҳон дар пеши ту афканда бошад.

Саодатманду фирӯз бошед!

Categories: News