Кафедраи нақлиёт ва технология

Кафедраи  нақлиёт ва технология фаъолияти таълимӣ –методии  худро  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии Вазорати маориф ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Оинномаи  коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва дастуру супоришҳои  роҳбарияти коллеҷ ба роҳ монда, таълим ва тарбияи мутахассисони ояндаро дар соҳаи нақлиёт ва технология тибқи стандартҳои давлатии  тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ  ва ибтидоии касбӣ инчунин дар асосӣ нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда истодааст.    

Заминаи моддию техникии кафедра нисбати солҳои қаблӣ хело беҳтар гардидааст, чунки дар солҳои охир дар кафедра як қатор айёниятҳо ва лавозимотҳои лозимии техикию технологии замонавӣ, тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор гардид.

Маълумот оид ба омӯзгорони кафедраи нақлиёт ва технология

Ҳайати профессорӣ-омӯзгории кафедраи нақлиёт ва технология барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ диққат дода, баҳри беҳтар намудани таълиму касбомӯзии мутахассисони оянда корҳои зиёдеро дар соли хониши 2019-2020 ба анҷом расониданд. Дар соли хониши 2020-2021 теъдоди омӯзгорон ба 20 нафар расид, ки аз ин шумора 9-нафарашон кормандони асосӣ ва 11-нафарашон ҳамкори дохилӣ ва беруна мебошанд. Айни ҳол дар кафедра 1-дотсент, 8-омӯзгори калон, 10- нафар ассистент ва 1- ҳуҷҷатнигор фаъолият доранд.

Маълумотнома оид ба ихтисосҳои кафедра

Кафедраи нақлиёт ва технология дар асоси Оинома ва Низомномаи коллеҷи техникӣ фаъолият намуда, аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахасис тайёр менамояд:

  1. ихтисоси 2-360101-“Технологияи мошинсозӣ”
  2. ихтисоси 2-36113101-“Истифодабарии техникии мошину таҷҳизоти бинокорӣ ва роҳсозӣ ”
  3. ихтисосҳои 2-370101-33 „Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳарикони дарунсӯз“ 
  4. ихтисосҳои 2-370107„Автосервис (хизматрасонии мошинҳо)“ 
  5. 2-440101-32  „Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ”
  6. ихтисоси 2-460102-31-“Технологияи истеҳсоли мебел”
  7. ихтисоси 3-370152 01 «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил» (шӯъбаи   таҳсилоти  ибтидоии  касбӣ)
  8. ихтисоси  3-3701052 03 «Барқчӣ  оид  ба  таъмири қисмҳои  барқии  автомобил» (шӯъбаи   таҳсилоти  ибтидоии  касбӣ)

Самти фаъолияти ихтисосҳои дар боло зикршуда, ҳамчун техник- механик барои ҳалли масъалаҳои лоиҳакашию- контрукторӣ , истифодабарии мошину олот, равандҳои технологии истеҳсолоти мошинсозӣ, мусофирбарию боркашонӣ, таъмири қисмҳои барқии автомобилҳо, ҳуҷҷатгузории техникӣ ва системаҳои стандартӣ, ворид намудани технологияҳои нав барои беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшударо дар бар мегиранд.

Преподавательский состав кафедры

Матлаби Ҷабборзода

Матлаби Љабборзода

Раҷабов Абдусалим Абдураҳимович

Раҷабов Абдусалим Абдураҳимович

Кадирова Ҳамида Ибрагимовна

Кадирова Ҳамида Ибрагимовна

Қурбонов Сайфиддин Ашурович

Қурбонов Сайфиддин Ашурович

Худойқулов Шукуҳҷон Эргашевич

Худойқулов Шукуҳҷон Эргашевич

Раҳмонов Эмомалӣ Додарбегович

Раҳмонов Эмомалӣ Додарбегович

Розықова Шукрона Рустамовна

Розықова Шукрона Рустамовна