Санаи 08.12.2021 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникӣ бо иштироки меҳмонон: декани факултети Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абу Ҳанифа Имоми Аъзам доктори илмҳои фалсафа Каримов Абдураҳим ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур Ғаффорзода Билол ҳамоиш дар мавзӯи «Экстремизм-роҳ ба сӯи нобудӣ!» баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур Ғаффорзода Билол баромад намуда, зикр кард, ки бояд мо дар амал дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намоем. Бояд кӯшиш ва харҷ диҳем, ки ҷавонони даврони истиқлолият даст ба ифротгароӣ назананд, ба гурӯҳҳои тундрав шомил нашаванд ва бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Худ экстремизм ва терроризм-роҳ ба сӯи нобудист, чунки метавонад иқтисодиёт  ва иҷтимоиёти давлатро заиф намуда, онро ба нобудшавӣ оварда расонад.

Декани факултети Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абу Ҳанифа Имоми Аъзам Каримов Абдураҳим доктори илмҳои фалсафа баромад намуда, қайд намуд, ки экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Терроризм даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқеан, таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: “Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд”.

Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар қисмати охири ҳамоиш саволҳо аз тарафи иштирокчиён ба маърузачиёну меҳмонон пешниҳод гардид.

Пас аз анҷоми ҳамоиш дар толори Шӯрои олимон мизи мудаввар бо иштироки меҳмонон баргузор гардид.

Бахши матбуот

Categories: News