Санаи 30.12.2022 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Холматов Рустам Буранович дар асосии сиёсати ятимпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба кори хайру савоб зада, дар арафаи соли нави мелодӣ ба ятимону бепарасторон ва дигар шахсони муҳтоҷи ёрӣ тӯҳфаи солинавӣ тақдим намуданд.

Амали хайри анҷомдодаи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳавзаи интихоботии №9 Холматов Рустам Буранович шоистаи ситоиш ва боиси дастгирист. Ин марди хайрхоҳ азм дорад, ки дар арафаи санаҳои муборак минбаъд ҳам ба табақаи ниёзманди аҳолӣ – ятимон ва дигар одамони муҳтоҷи ёрӣ кумаки амалии худро расонад.

Categories: News