Санаи 28 майи соли 2026 дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара чорабиниҳои рӯзи якуми Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид.
Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ баргузор шуда, намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва шарикони рушдро аз кишварҳои гуногун ба ҳам овард.
Дар кори форум аз номи Коллеҷи техникӣ муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ – Ҳакимов Зоирҷон ва мудири шуъбаи робитаҳои хориҷӣ – Сафарзода Парвиз иштирок намуда, бо ҷараёни чорабиниҳо, таҷрибаҳои пешқадам ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ аз наздик шинос гардиданд.
Дар ифтитоҳи форум Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холмаҳмадзода Солеҳа доир ба дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат дар самти рушди малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон суханронӣ намуданд. Ҳамчунин намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳоро барои мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ махсус таъкид карданд.
Дар доираи форум озмунҳои касбӣ аз рӯи ихтисосҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариши робитаҳои хориҷӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва таҳкими ҳамкориҳои муассисавӣ дар самти таҳсилоти касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.