Коллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии ТоҷикистонКоллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон
  • Коллеҷ
    • Маъмурият
    • Таърихи коллеҷ
    • Шуъбаи умумӣ
    • Шуъбаи кадрҳо
    • Сохтори коллеҷи техникӣ
  • Таълим
    • Раёсати таълим
    • Офиси бақайдгирӣ
    • Бахши мониторинг ва сифати таҳсилот
    • Шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ
    • Факултетҳо
      • Факултети технологияи иттилоотӣ
        • Кафедраи математика ва информатика
        • Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ
        • Кафедраи химия ва экология
      • Факултети муҳандисию иқтисодӣ
        • Кафедраи иқтисодиёт ва идора
        • Кафедраи молия ва ҳисобдорӣ
        • Кафедраи таърих ва ҳуқуқ
      • Факултети энергетика ва техникаи тиббӣ
        • Кафедраи физика ва телекоммуникатсия
        • Кафедраи электроэнергетика
      • Факултети нақлиёт ва технология
        • Кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ
        • Кафедраи забони тоҷикӣ
        • Кафедраи нақлиёт
      • Факултети сохтмон ва роҳсозӣ
        • Кафедраи забонҳои хориҷӣ
        • Кафедраи сохтмон ва меъморӣ
        • Кафедраи фанҳои гуманитарӣ
  • Илм ва инноватсия
    • Шуъбаи илм
    • Китобхона
    • Китобхонаи электронӣ
    • Парки технологӣ омӯзишӣ истеҳсолӣ
  • Тарбия ва ҷомеа
    • Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ
    • Бахши кор бо ҷавонон
    • Бахши фарҳангӣ
    • Бахши тиббӣ
    • Шӯрои занон
  • Робитаҳои хориҷӣ
    • Бахши робитаҳои хориҷӣ
  • Хабарҳо
    • Зодрӯзҳо
  • Довталаб
  • Тамос
  • tj
    • ru
    • en

Шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ

Маълумот
Садорат
Ихтисосҳо
Маълумот

Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз воҳидҳои сохтории коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта бо қарори Шурои олимони коллеҷи техникӣ, таҳти рақами №9 аз 29.02.2016 таъсис дода шуда аз рӯи 7 ихтисос баъди синфи 9 ва аз рӯи 8 ихтисос баъди синфи 11 бо иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабонро қабул менамояд.

Дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли таҳсили 2020-2021 450 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 388 нафар писарон ва 62 нафарашон духтаронро ташкил медиҳанд.Дар гуруҳҳои ройгон 58 нафар ва дар гуруҳҳои пулакӣ 392 нафар таҳсил менамоянд.

Раванди таълим дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст.Барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва гузаронидани таҷрибаомузии таълимӣ синфхонаҳои таълимӣ барои хонандагон бо айёниятҳои лозимӣ таҷҳизонида шудаанд.

Синфхонаи компютерӣ, ки дорои 15 – адад компютер мебошад барои гузаронидани дарсҳои тахассусӣ барои ихтисосҳои 3-25015201 – Ҳисобдор бо донистани компютер, 3-25015202- Хазинадор – назоратчӣ, 3-40025201 – Системаи компютерӣ ва интернет –технология ташкил карда шудааст.Хонандагони ихтисоси 3-37015203 Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил бошанд фанҳои тахассусиашонро дар синфхонаи №41 ва №42 ки бо воситаҳои таълимию айёниятҳо ва қисмҳои автомобил муҷаҳҳаз гардонида шудааст, мегузаронанд.

Барои ихтисосҳои 3-39025202 – Радиотехника оид ба таъмири таҷҳизоти радиоэлектронӣ, 3-430151 – Истифодаи техникии таҷҳизоти неругоҳҳо ва шабакаҳо лабораторияҳо ташкил карда шудааст, ки хонандагон дар онҷо дарсҳои амалӣ мегузаранд.

Ҳамаи синфхонаҳои шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳаз гардонида шудааст, ки дар онҷо дарсҳои лексионӣ гузаронида мешавад.

Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, муайян намудани хонандагони лаёқатманд ва ҳавасманд гардонидани хонандагон ҳар ҳафта бо ташаббуси раёсати таълим ҳафтаҳои фанни гузаронида мешавад, ки хонандагони шуъба фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Хонандагони шуъба дар маҳфилҳои илмӣ ва озмунҳои фанни пайваста иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ маҳфили илмии хонандагон бо номи “Созандагон” фаъолият менамояд, ки ҳар моҳ аз тарафи хонанадагон дар шуъба маҳфили илмӣ баргузор мегардад.Хонандагони шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар чорабиниҳои варзишиву фарҳангии коллеҷ фаъолона иштирок менамоянд.

Барои баланд бардоштани маҳорати касбомӯзии хонандагон, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ – истеҳсолӣ ва аз худ намудани барноамаҳои таълимии фанҳои тахассусӣ роҳбарияти коллеҷ бо муассисаҳову корхонаҳо: ҶСК Автоколонна 2927, ҶДММ Автосервис ва савдо ба номи “Вайс”,ККВД “Автобус-3”, ККВД “Автобуси-2”, ҶСК “Сомон – сервис”, КВД Комбинати полиграфии ш. Душанбе ва маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатисияи назди Вазорати маориф ва илми ҶТ шартномаи дутарафа дорад. Садорати шуъба тасмим гирифтааст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳия намуда, вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили 2020-2021 устохонаи нави таълимии замонавӣ бо таҷҳизоти ташхискунанадаи компютерӣ, 1 адад синфхонаи лингофонӣ хонандагонро таъмин намуда, китобҳои дарсӣ харидорӣ намояд.

Зиёда аз 60 нафари хатмкунандагони соли таҳсили 2019-2020 баъди хатми шуъба ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуда зиёда аз 50 нафари онҳо таҳсилашонро дар коллеҷи техникӣ идома додаанд.Боқимонда хонандагон дар истеҳсолот ба кор таъмин карда шуданд.

Рӯз аз рӯз шумораи хоҳишмандон барои таҳсил намудан дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ зиёд шуда истодааст.Бинобар сабаби таи чанд соли охир сохтмони иморатҳои замонавӣ ва баландошёна зиёд шудан талабот ба хизматрасонии таъмири лифтҳо ва монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ зиёд гардидааст.Бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки ихтисосҳои навро барои соли таҳсили 2021-2022 ба роҳ монем.

Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии коллеҷ довталаборо барои қабул оид ба тайёр намудани мутахассисон дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли таҳсили 2021-2022 аз рӯи ихтисосҳои зерин даъват менамояд:

баъд аз синфи 9

  1. 3-25015201 – Ҳисобдор бо донистани компютер;
  2. 3-25015202 – Хазинадор – назоратчӣ;
  3. 3-37015203 – Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил;
  4. 3-37015201 – Челонгар оид ба таъмири муҳаррикҳои автомобил;
  5. 3-40025201 – Системаи компютерӣ ва интернет – технология;
  6. 3-51025401 – Оператори нуқтаҳои савдои сузишворӣ;
  7. 3-19051002 – Руйкашкунандаи мебелҳо;
  8. 3-015101 – Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ;
  9. 3-015102 – Механикаи барқӣ оид ба лифтҳо

баъд аз синфи 11 (1сол)

  1. 3-4801 54 – Тозакунии канданиҳои фоиданок
  2. 3-4301 51 – Истифодаи техникии таҷҳизоти неругоҳҳо ва шабакаҳо
  3. 3-390252 02–Радиотехника оид ба таъмири таҷҳизоти радиоэлектронӣ
  4. 3-370152 01 – Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил
  5. 3-370152 03 – Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил
  6. 3-460152 02 – Устои сохтмончӣ
  7. 3-25015201 – Ҳисобдор бо донистани компютер
  8. 3-25015202 – Хазинадор – назоратчӣ
  9. 3-015101 – Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ;

10.3-015102– Механикаи барқӣ оид ба лифтҳо;

Садорат

Холбутурова Суфия Субҳонқуловна аз соли 2017 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ кор мекунад.

Соли таваллуд: 28 июни 1985

Ҷойи таваллуд: ш.Норак

Таҳсилот: олӣ

Аз моҳи августи соли 2021 ба ҳайси сардори шуъбаи таҳситоти ибтидои касбии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ фаъолият дорам.

(+992)988208828

Зокиров Комилҷон Ҷумъаевич муовини сардори шуъбаи таҳситоти ибтидои касбӣ оид ба таълим

Зокиров Комилҷон Ҷумъаевич 13 сентябри соли 1995 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст.

Аз соли 2021 муовини сардори шуъбаи таҳситоти ибтидои касбӣ оид ба таълим дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ шуда кор ва фаъолият мекунад. Аъзои ҲХДТ мебошад.

 +992-987-78-78-96

Ихтисосҳо

 Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии коллеҷ довталаборо барои қабул оид ба тайёр намудани мутахассисон дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли таҳсили 2021-2022 аз рӯи ихтисосҳои зерин даъват менамояд:

баъд аз синфи 9

  1. 3-25015201 – Ҳисобдор бо донистани компютер;
  2. 3-25015202 – Хазинадор – назоратчӣ;
  3. 3-37015203 – Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил;
  4. 3-37015201 – Челонгар оид ба таъмири муҳаррикҳои автомобил;
  5. 3-40025201 – Системаи компютерӣ ва интернет – технология;
  6. 3-51025401 – Оператори нуқтаҳои савдои сузишворӣ;
  7. 3-19051002 – Руйкашкунандаи мебелҳо;
  8. 3-015101 – Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ;
  9. 3-015102 – Механикаи барқӣ оид ба лифтҳо

баъд аз синфи 11 (1сол)

  1. 3-4801 54 – Тозакунии канданиҳои фоиданок
  2. 3-4301 51 – Истифодаи техникии таҷҳизоти неругоҳҳо ва шабакаҳо
  3. 3-390252 02–Радиотехника оид ба таъмири таҷҳизоти радиоэлектронӣ
  4. 3-370152 01 – Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил
  5. 3-370152 03 – Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил
  6. 3-460152 02 – Устои сохтмончӣ
  7. 3-25015201 – Ҳисобдор бо донистани компютер
  8. 3-25015202 – Хазинадор – назоратчӣ
  9. 3-015101 – Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ;10.3-015102– Механикаи барқӣ оид ба лифтҳо;
Маҳали мо дар харита
Маълумоти бештар

  • tj
Hestia | Developed by ThemeIsle
  • Facebook