Турдиева Мавжуда Махмудовна - мудири китобхонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

Турдиева Мавжуда Махмудовна

13-уми марти соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, собиқаи кориаш дар соҳаи китобдорӣ 32 сол. Турдиева М.М. аз 2-юми январи соли 2018 дар китобхонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, хамчун мудири китобхона фаъолият намуда истодааст.

Мусофирова Зульфия Собитовна-Мутахассиси китобхона

Мусофирова Зульфия Собитовна

Китобхонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва хуқуқҳои вобаста ба он» «Дар бораи табъу нашр ва шуроӣ илмӣ – методӣ» -и коллеҷ ва дар асоси нақшаи корӣ амалӣ менамояд. Ҷиҳати беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар тамоми сохтори китобхона аз тарафи маъмурияти муассиса дар солҳои охир як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Айни замон фонди умумии китобхона 47532 адад китобро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла:

– китобҳои Президент 108 адад;

– китобҳои техникӣ 17810 адад;

– китобҳо бо забони тоҷикӣ 5882 адад;

– китобҳои бадеӣ ба забони точикӣ 1797 адад;

– китобҳои дарсии синфи 10-11, 150 адад;

– модулҳо 1000 адад;

– дастурҳои методӣ бо забони русӣ 1699 адад;

– дастурҳои таълимӣ бо забони русӣ 30650 адад;

– китобҳои  дарсӣ  бо забони  русӣ 12000 адад;

– китобҳои  бадеӣ  бо  забони  русӣ 10920 адад;

– китобҳо  бо забони  хориҷӣ  920адад; 

Дар фонди китобхона китобҳои соҳавии бадеӣ бештар бо забони русӣ мавҷуд аст.

Вобаста ба талаботи хонандагон ва донишҷӯён китобҳои муҳими таълимӣ ҷудо кардашуда, дар гушаи махсус  ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳамарӯза аз ҷониби устодону донишҷӯёни коллеҷ мавриди истифодаи ҳамаҷониба қарор мегиранд. Айни замон фонди китобхона бо забони тоҷикӣ алоҳида ва русӣ алоҳида мебошад, ки дарёфт ва истифодаи онҳоро барои хонандагон осон мегардонад. Дар китобхона толори барҳавои қироатхона  бо 60 ҷойи нишаст барои донишҷуёну устодон ташкил карда шудааст.

Ҷиҳати ҷалби хонандагон барои мутолиа дар толору роҳравҳои китобхона шиору овезаҳои гуногун  гузошта шудааст, ки хонандагонро ба мутолиаи китоб ва фарҳанги мутолиа ошно месозад. Рафҳои  китобмонии  дар фонди китобхона мавҷудбуда, низ бо тартиби муайян тибқи талаботи муқарраршудаи фаъолияти китобдорӣ гузошта шуда, ҳамчунин китобхона ҷиҳати зиёд намудани  шумораи аъзоёни  китобхона чораҷӯи намудааст, ки дар натиҷа миқдори зиёди аъзоёни китобхона айни ҳол мавҷуд аст. Шумораи хонандагони китобхона рӯз то рӯз меафзояд.  Дар   айни   ҳол   теъдоди   хонандагони   китобхона   зиёда аз 3000 нафар расидааст. Барои беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ дар китобхона нақша-чорабиниҳо  таҳия ва тастиқ карда  шудааст, ки минбаъд тибқи нақшаҳои мазкур кор бурда мешавад.

Ягон муассисаи таълимиро бе китобхона тасавур кардан номумкин аст. Китобхона аз нигоҳи  сатҳи ҷои нигоҳдорӣ ба хонандагон додан ва аз онҳо гирифтани китоб ба назар мерасад. Вале кори китобхона танҳо аз ин фаъолият, иборат нест. Аслан китобхона махзанест, ки тамоми маводи китобатшудаи заруриро дар шакли чопӣ, итилоотӣ, дастраси донишҷӯ, хонанда ва омӯзгор мегардонад. Барои талаботи истифодабарандагон таъминоти китобҳоро қонеъ гардонидан ба кормандони китобхона фаъолияти зиёди пурзаҳмат лозим меояд. Бинобар хамин дар китобхонаи коллеҷи техникӣ айни замон  2 нафар кормандон, мудири китобхона Турдиева М. ва китобдори дараҷаи 2-юм Нурова С. кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки талаботи хонандагони китобхонаи колеҷро қаноъатманд карда тавонанд. Дар китобхона пеш аз ҳама аз тарафи кормандон ба анҷом расонидан аз рӯи алфавит ҷо ба ҷо кардани китобҳо мебошанд. Китобҳои дарсӣ ва бадеии тоҷикӣ, китобҳои дарсӣ бо забони  русӣ  барои   ихтисосҳои  6П, 6С, 6П9, 6С4, 6С5,6С9,6Ф, раванди ҷо ба ҷо кардани китобҳои дарсӣ ба пуррагӣ ба итмом расидааст. Масъулини китобхона тибқи стандарти китобдорӣ раддабандӣ намудани онҳо имрӯзҳо кӯшиш намуда истодаанд.

Дар шароити имрӯза донишҷуёну хонандагон  бештар ба китобҳои точикӣ ниёз доранд ва маъмурияти муассиса тасмим гирифтааст, ки фонди китобхонаро бо  китобҳои  тоҷикӣ ѓанӣ  гардонад.  Ҳамчунин дар китобхона ба талаботи донишҷӯён ба мутолиаи маҷаллаю рӯзномаҳо диққати махсус зоҳир карда мешавад, то саривақт аз иттилоотҳои зарурӣ бохабар бошанд. Ҳоло китобхона ба 15-номгӯи рӯзнома ва 6-номгӯи маҷалла обуна аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби устодону донишҷӯён  истифода бурда мешаванд.  Китобхона ҳамасола ба матбуоти даврӣ аз қабили газетаю маҷаллахо таъмин мешавад. Бастаҳои газетаю маҷаллаҳои моҳҳо ва солҳои пешин дар фонди китобхона маҳфуз мебошад. Китобхона ҳамасола дар дар ташкили намоишҳои китобӣ  фаъол  мебошад.

Дар оғози соли таҳсили 2020-2021 бо дастгирии роҳбарияти муассиса баҳри фаъолияти китобхонаро бехтар намудан, китобхонаи электронӣ таҳсис дода шуд, ки робитаи омузгорону донишчуён ба китобхона дар сатҳи  зарурӣ карор гирифт. Китобхонаи электронӣ иборат аз 8 компютер ташкил карда шудааст, ки зиёда аз 150000 китобҳои электронӣ дар онҳо ҷойгир ва мавриди истифода қарор мегирад. Дар китобхонаи коллеҷи техникӣ толори хониши  барҳавои  замонавӣ  ва  дар  айни ҳол дар фасли сармо хеле гарму муътадил аст. Маданияти нишасти донишҷуён дар толори хониш хеле назарас аст. Давомоти китобхона ҳамарӯза 300-400 нафарро ташкил медиҳад. Дар толори хониш ҳоло 60 ҷои нишаст мавриди истифода қарор дорад.

Кормандони китобхона ҳамеша бо ҳайати омӯзгорону проффесорон ва  донишҷуёни коллеҷ дар ҳамкорӣ дошта, то ҳадди имкон барои дастрас намудани  китоб, рӯзнома ва маҷалаҳо бо онҳо кӯмак мерасонанд. Кормандони китобхона дар айни ҳол  тартибу  низоми  ҷойгиршавии китобҳоро дуруст ба роҳ монда, интихобу ёфтани  китобҳоро барои хонандагон осонтар намуда, баҳри хубтар шудани хизматрасонӣ ва зиёд шудани шумораи хонандагони китобхона кӯшиш намуда истодаанд.

Қобили қайд аст ки имрӯзҳо талаботи донишҷуёну устодони муассиса барои мутолиаи китоб хело зиёд буда, баҳри баланд бардоштани савияи дониши касбиашон аз адабиётҳои русӣ ва тоҷикӣ истифода мебаранд.