ҲАКИМОВ ЗАЙИРЖАН РУЗИБАЕВИЧ
Мудири бахши робитаҳои хориҷӣ

Ҳакимов Зайиржан Рузибаевич25-уми феврали соли 1973 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст.

Соли 2000  Донишкадаи андоз  ва хуқуқи Тоҷикистонро  бо ихтисоси иқтисодчӣ-менҷер хатм кардааст.

Ҳакимов З.Р.соли 2007бо ифтихорномаи Вазорати Маориф ва илми ҶТ, сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Дар суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи С.Шерозӣ, хонаи 394, хуҷраи 18 истиқомат намуда истодааст.

Аз моҳи январи соли 2021 ба вазифаи муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ ко рва фаъолият намуда истодааст.

Муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ

Ҳакимов Зайиржан Рузибаевич25-уми  феврали соли 1973 дар ноҳияи  Ҷалолиддини Балхии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст.

Соли 2000  Донишкадаи андоз  ва хуқуқи Тоҷикистонро  бо ихтисоси иқтисодчӣ-менҷер хатм кардааст.

    Ҳакимов З.Р.соли 2007бо  ифтихорномаи Вазорати Маориф ва илми ҶТ, сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Дар суроғаи шаҳри   Душанбе, кучаи С.Шерозӣ, хонаи 394, хуҷраи 18 истиқомат намуда истодааст.

Аз моҳи январи соли 2021 ба вазифаи муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ ко рва фаъолият намуда истодааст.

Маъмурияти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар самти ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ фаъол мебошад. Ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ барои тақвият башидан ба такмили ихтисоси омӯзгорон, пурзӯр намудани ҳолати моддӣ-техникии муассисаи таълимӣ, сафарбар намудани донишҷӯён ба хориҷи кишвар, ҷалб намудани мутахассисони хориҷӣ ба раванди таълим, дарёфти маблағҳои грантӣ аз сарчашмаи хориҷӣ нигаронида шудааст.

Маъмурияти коллеҷи техникӣ дар самти такмили ихтисос ва тайёр намудани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия 19 октябри соли 2018 шартнома бастааст. Шартнома аз 4 банд ва 26 зербанд иборат аст. Мазмуни шартнома тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи стандарти давлатии таҳсилот, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҷрибаивазкунӣ мебошад. Тибқи шартнома таҳсил дар ду зина роҳандозӣ шуда, зинаи якум дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, зинаи дуюм бошад дар коллеҷи политехникии шаҳри Рязан амалӣ мегардад. Иҷроиши нишондодҳои шартномаи мазкур фаъолона амалӣ карда мешавад.

Шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Братски Федератсияи Россия 08 апрели соли 2016 ба имзо расонида шудааст, ки аз 10 банд ва 6 зербанд иборат аст. Мутобиқи шартнома самтҳои асосии ҳамкорӣ: дар самти корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, идомаи таҳсили донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. Иҷроиши нишондодҳои шартнома дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Деш Багати Ҷумҳурии Ҳиндустон бо коллеҷи техникӣ 16 феврали соли 2016 ба имзо расонида шудааст. Шартномаи мазкур аз 9 банд иборат буда, мазмуни он такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳи дар боло зикргардида, такмил додани ҳолати моддӣ-техникии парки технологии коллеҷ мебошад.

Маъмурияти коллеҷ барои ташкил ва инкишоф додани фаъолияти Парки технологии коллеҷ бо як қатор ташкилотҳои бахши хусусии Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз он ҷумла “Bridging Asia”, M/S SADR Global шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҷиҳати иҷроиши нишондодҳои шартнома бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъули коллеҷ солҳои 2018 ва 2019 ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар намудаанд.

Маъмурияти коллеҷ барномаи дурнамои инкишоф таҳия намудааст. Тибқи ин барнома 2 лоиҳа ҷиҳати ҷалби грантҳои хориҷӣ ба сохторҳои марбута пешниҳод карда шудааст. Вале, то ҳол ягон лоиҳаи грантӣ бо маблағгузории хориҷӣ дар коллеҷ амал намекунад. Боиси қайд аст, ки маъмурияти коллеҷ бо ширкати М/С «САДР Глобал»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷиҳати дар назди Парки технологии коллеҷ истеҳсоли пойафзолро ба роҳ мондан бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.11.2019 №01/1-896) ба маблағи 800 ҳазор доллари ИМА шартнома ба имзо расонидааст.  

Маъмурияти коллеҷ ҷиҳати иҷроиши нишондодҳои шартномаи ҳамкорӣ бо коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия 5 нафар донишҷӯён, Сафаралиев Комрон донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 2-40010135, Зикриёзода Саломиддин донишҷӯёи курси 2 ихтисоси 2-44010132, Бекташева Фарахбону донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 2-25013201, Шарипов Саодатшо донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 2-40010133 ва Рахимов Исломуддин довталаби коллеҷро барои идомаи таҳсил ба шарики стратегии худ коллеҷи политехникии шаҳри Рязан сафрбар намудааст. Дар моҳи марти соли 2019 5 нафар корманди масъул ва омӯзгоронро барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия сафарбар намудааст. Дар коллеҷи мазкур омӯзгорон курси такмили ихтисос гузашта соҳиби сертификат гардидаанд.

Маъмурияти коллеҷ ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ ва такмил додани ҳамкорӣ дар моҳи октябри соли 2019 бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.11.2019 №01/1-896) кормандони масъули коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россияро даъват намудааст. Кормандони масъул Свечникова Людмила Владимировна муовини директор оид ба таълим, Мацнев Владимир Владимирович муовини директор оид ба корҳои таълимию истеҳсолӣ ва Диянова Валентина Николаевна муовини директор оид ба тарбияи коллеҷи дар боло зикргардида аз 27 октябр то 01 ноябри соли 2019 дар муассисаи таълимӣ бо донишҷӯён вохӯрӣ гузаронидааст ва бо омӯзгорон семинар баргузор намудааст.