Кафедраи электроэнергетика

Кафедраи  электроэнергетика фаъолияти таълимӣ –методии  худро  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии Вазорати маориф ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Оинномаи  коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва дастуру супоришҳои  роҳбарияти коллеҷ ба роҳ монда, таълим ва тарбияи мутахассисони ояндаро дар соҳаи энергетика  тибқи стандартҳои давлатии  тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ  ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда истодааст.

         Заминаи моддию техникии кафедра нисбати солҳои қаблӣ хело беҳтар гардидааст, чунки  дар солҳоиохиркафедра соҳиби як қатор таҷҳизотҳои электрикии замонавӣ, доскаҳои электронӣ ва видеопроектор гардид.

Ҳайати профессорӣ-омӯзгории  кафедраи электроэнергетика барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ диққат дода, баҳри беҳтар намудани таълиму касбомӯзии мутахассисони оянда корҳои зиёдеро дар соли хониши 2019-2020 ба анҷом расониданд.  Дар соли хониши 2020-2021 теъдоди омӯзгорон ба 26 нафар расид, ки аз ин шумора 16-нафарашон кормандони асосӣ ва 10-нафарашон ҳамкори дохилӣ ва беруна мебошанд. Айни ҳол дар кафедра 3-дотсент, 4-омӯзгори калон ва боқимонда 17- нафар ассистент фаъолият доранд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра

Сафаров Амиршо Ғоибович- Мудири кафедра

Яров Муҳаммадҷон Темурҷонович

Нуров Нурулло Раҷабович
Муаллими калони кафедраи электроэнергетика

Муҳаммадиев Туйчибой Расулович

Муборакқадамов Шамс Маҷнунович

Шарафов Наҷибулло Ҳайбуллоевич

Салимов Бахтовар Салимович

Замоншоев Акбаршо Миршакарович

Қурбонова Гулсара-ҳуҷҷатнигори кафедраи электроэнергетика