Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими муассиса ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар самти банақшагирӣ ва равандӣ таълим, таҳлили натиҷаи сессияҳои санҷишӣ- имтиҳонотӣ ва дигар қисматҳои таълим дар асоси Низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаҳои намунавӣ оид ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ҳамчунин Оиномаи коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба роҳ монда, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳоро ба танзим дароварда пайваста назорат менамояд.

Дар айни замон дар вазифаи муовини директор оид ба таълим Асроров Зокирҷон Мукаррамович фаъолият намуда истодааст.

Раванди таълим дар коллеҷи техникӣ дар ду зинаи таҳсилот – ибтидоӣ касбӣ ва миёнаи касбӣ роҳандозӣ шуда, баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар коллеҷ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Айни замон дар коллеҷ 5 факултет (факултети энергетика ва техникаи тиббӣ, факултети муҳандисию иқтисодӣ, факултети сохтмон ва роҳсозӣ, факултети нақлиёт ва технология, факултети технологияи иттилоотӣ) ва 1 шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 1 шуъбаи таҳсилоти ғоибона, 14 кафедра аз рӯи 48 ихтисос фаъолият менамоянд.

Ҳадафи асосии фаъолияти самти таълим омода намудани мутахассисон дар самтҳои техникаю технология, баланд бардоштани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ, фаъол гардонидани маҳфилҳои илмии назди кафедраҳои тахассусӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ба муассисаи таълимӣ, такмил додани маҳорати омӯзгорон дар робита бо Донишкадаи такмили ихтисоси ва бозомӯзии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар иборат мебошад. Вобаста ба ин раёсати таълим якчанд курсҳои кутоҳмудати омӯзиширо дар дохили коллеҷ бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба баҳри омӯзгорон ташкил намуд, аз ҷумла курси омӯзиши технологияи иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва маҳорати педагогӣ ва психология, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассиса  самарабахш мебошанд пайваста ташкил ва баргузор менамояд.

Дар коллеҷ аз ҷониби маъмурият ба ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки омили асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар оғози соли таҳсил барои таъмини раванди самараноки таълиму тарбия дар коллеҷ омӯзгорони нав ба кор қабул карда мешаванд, ки ин низ аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандон ба муассисаи таълимӣ ба назар мерасад.

Мунтазам дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани раванди таълим ва мукаммал сохтани маҳорати дарсгузарии омӯзгорони муассисаи таълимӣ, комиссия таъсис дода шуда, аз тарафи аъзоёни комиссия дарси омӯзгорон вобаста ба ихтисосашон мавриди таҳлил қарор дода мешавад.

Дар асоси нақшаи кории раёсати таълим, бахши мониторинг ва сифати таҳсилот пайваста дар ҳамаи гуруҳҳои академӣ мониторинги сифати таҳсилот баргузор намуда, пайваста пурсишнома таҳти унвони “Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ” гузаронида мешавад.

Айни замон дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 82 синфхонаҳои таълимӣ, 35 адад утоқҳои кории маъмурӣ, 12 лаборатория, 1 озмоишгоҳи таълимии истеҳсоли мебел, 1 синфхонаи лингофонӣ,  4 маркази тестӣ, 285-адад компютер, 55 адад ноутбук,  47-адад тахтаи электронӣ, 2 адад пардаи электронӣ, 43 адад видеопроектор, 72-адад принтер ва дигар маводҳои таълимии зарурӣ, 1нуқтаи тиббӣ, 1 толори фарҳангӣ, 1-толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, китобхонаҳои электронӣ ва муқаррарӣ мавриди истифода  қарор доранд.

Дар ҳамаи роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса 150 адад камераҳои мушоҳидавӣ сабт гардидаанд, ки раванди таълиму тарбия мунтазам назорат карда мешавад. Аз ин шумораи  камераҳои назоратӣ 97 адад дар биноҳои таълимӣ ва 53 адад дар хобгоҳи №2 насб карда шудаанд. Дар бинои таълимии №1 ба миқдори 54 адад ва дар бинои таълимии №3 ба миқдори 43 адад камераҳои назоратӣ рост меоянд.

Роҳбарияти коллеҷи техникӣ ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ карда, барои пешрафти таълиму тарбия як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст.

Пеш аз ҳама барои таъмини бонизоми раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва самаранокии машғулиятҳои лексионию амалӣ, синфхонаҳо бо таҳҷизотҳои техникии  иттилоотӣ  муҷҷаҳазонида шудаанд, ки ин баҳри вусъат бахшидан ба сифати тайёр намудани  мутахассисон   мусоида менамояд.

Ичунин синфхонаҳо бо камераҳои сабткунандаи доимӣ ҷиҳозонида шуда, ба садорати факултетҳо ва шуъбаи таълим бо маниторҳои калон пайваст шудааст. Ба воситаи онҳо шуъбаи таълим тамоми раванди таълим ва дарсгузаронии омӯзгорон, дарсазхудкунии донишҷӯёнро ва иштироки донишҷӯёнро ба дарс пайваста зери назорат мегиранд. Ин омӯзгоронро ба серталаб будан нисбати кори педагогии худ водор месозад. Дар саҳни коллеҷ бошад камераҳои назорати  насб гардидаанд, ки ба воситаи он  тартибу интизоми донишҷӯён зери назорат гирифта мешавад.

Барои синфхонаҳое, ки дорои тахтаҳои электронӣ мебошанд бо нотбукҳо таъмин карда шудаанд, ки аз онҳо донишҷӯён ва омӯзгорон мақсаднок истифода мебаранд, ин дар натиҷа донишомӯз натанҳо назарияи илмӣ мегирад, балки маънии мавзуъро дар тахтаи электронӣ мебинад ва диққати донишҷӯёнро бештар ба худ ҷалб менамояд.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир, якқатор чораҳои зарури андешида шудааст. Масалан дар муддати кӯҳтотарин  чор  озмоишгоҳ, барои  ихтисосҳои энергетикӣ ва барномасозӣ ташкил карда шуд. Ин озмоишгоҳо барои пешрафти таълим дар ин ихтисосҳо роли муҳимро мебозанд.

Барои беҳтар дар азхуд намудани  забонҳои хориҷӣ гарчанде дар назди кафедраҳо курсҳо оиди забономӯзи фаъолият намоянд ҳам дар соли ҷорӣ боз як синфхонаи лингафони кушода шуд, ки барои забоназхудкунии донишҷӯён аҳамияти  калон дорад.

Дар даврони Истиқлолият роҳбарияти коллеҷи техникӣ фаъолияти кориашро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва дигар мақомотҳои дахлдор ба роҳ монда, доир ба ободонӣ, беҳтаршавии сифати таълиму тарбия бисёр корҳои назаррасро ба сомон расонид. Ташкили маркази тестии дорои 120-компютер барои қабули имтиҳонҳо, тахҷизонидани кафедраҳо бо воситаҳои техникии муосир, аз нав таҳия ва тасдиқи силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорону кормандон, мувофиқи ихтисос ҷо ба ҷо кардани кормандон, барои такмили ихтисос ба курсу семинарҳои омӯзишӣ сафарбар намудани омӯзгорон, аз ҷумлаи онҳоянд.