Санаи 19.06.2026 муовини директор оид ба робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ – Ҳакимов Зоирҷон Рузибоевич дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои рушди маориф дар кишварҳои Иттиҳод» иштирок намуда, фаъолияти байналмилалии коллеҷ ва самтҳои ҳамкориҳоро муаррифӣ кард.
Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар кори конфронс муовини директор бо СЕРТИФИКАТ аз ҷониби раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фарҳод Раҳимӣ сарфароз гардонида шуд.
Иштирок дар конфронс барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои муассиса муфид арзёбӣ гардид.