Муовини директор оид ба робитаҳои хориҷии муассиса, Ҳакимов Зоирҷон Рӯзибоевич, дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмиллалӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои рушди маориф дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» фаъолона иштирок намуд.
Ҳадафи асосии конференсия муҳокима ва таҳлили равандҳои муосири рушди соҳаи маориф, табодули таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани технологияҳои навини таълимӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.
Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, рақамикунонии низоми таҳсилот, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва густариши робитаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.