Санаи 19.06.2026 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба 29-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Ато Мирхоҷа –
Шоир, нависанда, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, сардабири маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин аҳли раёсат, аъзоёни шӯрои олимон ва омӯзгорон чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллат – бақои миллат аст” баргузор гардид.
Чорабиниро директори коллеҷ, муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам оғоз бахшида иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди муқаддас ва таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, суботу оромӣ ҳукмфармо гардид ва имрӯз фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар чеҳраи ҳар фарди кишвар таҷассум ёфтааст.
Чуноне, ки ба ҳамаи мову шумо маълум аст, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди истиқрори сулҳи тоҷикон беҳамто ва беназир мебошад. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, ки боиси ифтихори ҳар як сокини бо нангу номуси сарзамини мо мебошад.
Сипас, Ато Мирхоҷа – Шоир, нависанда, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, сардабири маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба сухан баромада қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ барои халқи мо кафолати ҳастии миллат ва бақои давлатдорӣ мебошад. Имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ, ҳифзи Ватан танҳо дар марзҳо нест, он дар фазои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути мубориза бо хурофот сурат мегирад. Шумо – донишҷӯёни коллеҷи техникӣ, ки ояндаи саноати кишваред, бояд бо илму дониш соҳибихтиёрии давлатро ҳифз намоед. Воқеан 27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави таърихи худ қадам ниҳод. Ваҳдат нишонаи оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад.
Қайд карда шуд, ки дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон нахуст ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид.
Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гаштааст.
Пас аз суханрониҳо, аз тарафи бахши фарҳангии коллеҷ барномаи ҷолиби мусиқӣ намоиш дода шуд, ки ба чорабинӣ файзу таровати хос ва рангинии бештар бахшид. Донишҷӯёни соҳибҳунар бо суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва модар хотири ҳозиринро шод намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо пояи давлатдории устувор, балки муҳаррики асосии рушди илм, фарҳанг ва маориф дар шароити муосир мебошад.