Санаи 25-уми майи соли 2026 дар толори варзишии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки директори коллеҷ, муовинони директор ва аъзои раёсат бо дастаи футболбозони муассиса бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол вохӯрӣ баргузор гардид. Чорабинӣ аз суҳбату мулоқоти расмӣ доир гардид.
Чорабиниро директори коллеҷ, муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам оғоз намуда, қайд кард, ки футбол на танҳо як бозии варзишӣ, балки воситаи муҳими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон мебошад. Маҳз бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар соҳаи варзиш ва футбол дар ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа рушд мекунад ва дастаи коллеҷ низ ҳамеша дар мусобиқаҳо шарафи муассисаро баланд мебардорад.
Қайд карда шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар рушди давлату миллат нақши калидӣ дошта, тавассути ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим метавон насли солиму ватандӯст ва соҳибмаърифатро тарбия намуд.
Имрӯз варзиш, бахусус футбол дар Тоҷикистон бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушду тавсеаи бесобиқа ёфта, барои ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Баргузории мусобиқаи футбол дар байни донишҷӯён на танҳо рақобати варзишӣ, балки саҳнаи дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими эҳтироми байниҳамдигарӣ ва рушди руҳияи дастҷамъона ба шумор меравад.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби директори коллеҷ сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.