Сафаров Илҳомҷон Исмоилович

Сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ 

Тел: (+992 37) 2271628;  (+992 )904374747

Фаъолияти Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ барои ба донишҷӯён фаҳмонда додани моҳияти ғояи миллӣ, истиқлолият, эҳёи хусусиятҳои миллӣ, баррасӣ намудани моҳият ва аҳамияти эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳангии ниёгон, аз нав эҳё намудани урфу одати миллӣ, дарк намудани ватандорӣ ва вазифаи шаҳрвандӣ, пешгирӣ аз ақидаҳои зарарноки экстремистӣ ва таъсири ҳизбҳои ифротӣ дар байни ҷавонон равона карда шудааст.

Дар 5 факултет ва 1 ШТИК-и коллеҷ эдвайзерон оид ба тарбия ва сарпарастон кори тарбиявиро пеш мебаранд. Онҳо дар машғулиятҳои тарбиявӣ оид ба ҳар як унсурҳои тарбия дарсҳои пурмазмун ва чорабиниҳои гуногун баргузор менамоянд.

Дар бахши кор бо сарпарастон ва падару модарон таҳти сарварии муовини директор оид ба корҳои тарбия Абдураҳимов Х.И. Шӯрои сарпарастони коллеҷ фаъолият менамояд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ нисбати кор бо волидайн диққати махсус зоҳир мегардад. Дар факултетҳо ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён барқарор карда шуда, барои ҳал намудани масъалаҳои тарбиявӣ дар гурӯҳҳои таълимӣ падару модарон ҷалб карда мешаванд.

Ҳамзамон раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ коллеҷ силсилачорабиниҳои мухталифро дар самти муқовимат бо коррупсия низ роҳандози менамояд. Дар ин ҷода корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни устодону донишҷӯён, хонандагони ШТИК, кормандон, волидайни донишҷуён дар шакли вохуриҳо бо кормандони мақомоти дахлдор, суҳбатҳо, соатҳои тарбиявӣ мунтазам роҳандозӣ мегардад.