Санаи 15.10.2021 дар саҳни бинои асосии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии бошӯкуҳи идонаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд. Дар саҳни бинои асосии коллеҷи техникӣ факултетҳо дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Директори коллеҷи техникӣ  муҳтарам  Холматов Рустам Буранович  ба сухан баромада, меҳмонон ва устодону донишҷӯёнро ба муносибати ин ҷашни ниёгон табрик намуда, қайд намуд, ки ибораи меҳргон аз решаи Меҳр ва пасванди ҷамъсозии -гон сохта шудааст. Пасванди-гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад.

Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад.

Сипас, намояндаи ноҳияи Шоҳмансур Ғафорзода Билол баромад намуда, қайд кард, ки ин ҷашни бостонӣ ҳар сол моҳи октябр чун иди миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.

Дар саҳни коллеҷ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, дастранҷи марди деҳқон, ки бозгӯи фаровонии дастархони мардум мебошад, рамзи фаровонӣ ва ҷамъоварии ҳосилу баракати рӯзгор арзёбӣ мегардад, ба марази тамошо гузошта шуд. Дар намоиш ҳосили фаровон, полезиҳо, сабзавотҳо ва меваҳои гуногун, инчунин ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи факултетҳои коллеҷ дар сатҳи баланд ташкил ва пешкаш карда шуд.

Categories: News