Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Бо самимияту эҳтироми бепоён Шуморо ба муносибати соли нави мелодии 2022 сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон нишоту шодмонӣ, саломативу сарбаландӣ, саодати рӯзгор, номи нек, комёбиҳои беназири сиёсӣ, тинҷию оромӣ ва хушиҳои ҳамешагии зиндагиро таманно менамоям.

Боиси ёдоварист, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун соли пур аз ободкориву созандагӣ, навгониҳо, муждаҳои фараҳбахши  сиёсию фарҳангӣ ва рушди иқтисодиёт хотирмон буд.

Бигзор, дар соли 2022 ҳамаи нақшаҳои неки Шумо ҷиҳати иҷрои сарбаландонаи вазифаи хизматиатон амалӣ гарданду дар Тоҷикистони маҳбубамон то абад  маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, пешрафту ободӣ, зиндагӣ саршор аз меҳру муҳаббат ва қалбҳо пур аз шодию нишот бошанду бо ному хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  миллати тоҷдори тоҷик асрҳои аср ифтихор намояд.

Соли нави мелодии 2022 хуҷаста бод!

Гӯши дил бодо Шуморо бар садои зиндагӣ,
Чашми дил равшан бимонад аз зиёи зиндагӣ.
То хирад бошад Шуморо раҳнамои зиндагӣ,
Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод!
Тифлаку гаҳвора бошад хонаорои Шумо,

То суруди алла бошад шаҳди овои Шумо,
Хам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо!
Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷои Шумо,
Дар паноҳи сулҳ бошад  бахти волои Шумо!
Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некутарин соле ба ҳар тоҷик бод!

Бо эҳтирому самимият,

Директори коллеҷи техникӣ  Холматов Р.Б.

Categories: News