Азимов Холиқназар Ҳакимович

Азимов Холиқназар Ҳакимович 07.12.1985 с. дар деҳаи Вешаби, ноҳияи Айнӣ, вилояти Сӯғд таваллуд шудааст.

Соли 2008 факултети Механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси «Технологияи мошинсозӣ» хатм намудааст. Солҳои 2008-2009 асистенти кафедраи назарияи иктисодии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, солҳои 2009-2015 ассистенти кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, солҳои 2013-2016 аспиранти Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015-2016 муаллими калони кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, солҳои 2016-2017 мудири кафедраи химия ва технологияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, солҳои 2017-2019 мудири кафедраи технологияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Соли 2018 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Свойства алюминиевого сплава АЖ2.18 с литием, бериллием и магнием» ҳимоя намудааст. Солҳои 2019-2020 мудири кафедраи технология ва химияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, аз моҲи январи соли 2020 то 04.02.2020 декани факултети нақлиёт ва технологияи коллеҷи техникии ДТТ фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Аз 04.02.2020 то ҳол дар вазифиаи муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ кор ва фаъолияти меҳнатӣ намуда истодааст.

Азимов Холиқназар Ҳакимович муаллифи 85 мақолаи илмӣ, 22 дастури методӣ, 1 монография ва 6 нахустпатенти (ихтироъ)  ҶТ мебошад.

Суроға: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 41

Тел.: 227-60-26, (+992) 93-456-35-44; 918-56-35-44

E-mail: kholikazim@mail.ru