Раёсати коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки аъзоёни Шӯрои олимон сардори шӯъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, номзади илмҳои филологӣ и.в. дотсент – Раҳмонзода Суфия Субҳонро ба муносибати рӯзи мавлудашон табрику муборакбод намуда, ба муаллимаи азиз аз даргоҳи Яздони пок тансиҳатӣ, умри дарози бобаракат, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияташон комёбиҳои беназир таманно намуда, қайд намуданд, ки бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошанд! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаашонро тарк насозанд!

Зодрӯз муборак муаллимаи азиз Суфия Раҳмонзода!

Categories: Birthdays