Санаи 18-уми майи соли 2022 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои маъмурият дар пояи кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ ва кафедраи сохтмон ва меъморӣ конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи  «Муаммоҳои рушди ҳамгироии саноатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»  бахшида ба солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур олимони соҳа аз: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ,  донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷи техникӣ фаъолона ширкат намуданд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. – конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалиро кушода, меҳмононро муаррифӣ намуда қайд кард, ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми  худ  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  санаи  21-уми  декабри  соли  2021 қайд  намуданд,  ки  «Бинобар  аҳамияти  бузурги  соҳаи  саноат  дар  рушди минбаъдаи  мамлакат,  ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоиву  иқтисодӣ  ва  таъмин намудани  иҷрои  ҳадафҳои  стратегии  миллӣ,  аз  ҷумла  раванди саноатикунонии  босуръати  кишвар  пешниҳод  менамоям,  ки  солҳои  2022-2026,  яъне  то  ҷашни  35  –  солагии  истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.

Ба  таъкиди  Сарвари  давлат,  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон талош  дорад,  ки  барои  ҳар  сокини  мамлакат  шароити  зиндагии  шоиста муҳайё  созад  ва  ҳамаи  нақшаву  барномаҳо  маҳз  ба  хотири  амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Бо  вуҷуди  корҳои  анҷомдодашуда  ва  дастовардҳои  зикргардида, ҳамчунин  ҷиҳати  ҳалли  пурраи  мушкилоти  мавҷуда  Президенти кишвар, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  Ҳукумати  мамлакатро  вазифадор  намуд,  ки минбаъд  низ  ба  масъалаҳои  баланд  бардоштани  гуногунсамтиву рақобатнокии  иқтисоди  миллӣ,  густариши  раванди  рақамикунонии иқтисод,  татбиқи  «иқтисоди  сабз», саноатикунонии  босуръат, истифодаи  технологияҳои  инноватсионӣ  ва  рушди  неруи  инсонӣ  афзалият  дода,  дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

Баргузории  конференсияи  мазкур  бахшида  ба  Солҳои  рушди  саноат  дар  Тоҷикистон  маҳсуб  ёфта, мақсади  асосии  конференсия  ҷалби  олимон  ва  мутахассисон  оид  ба таҳқиқу  таҳлили  истифодаи  имкониятҳои муосиртарини саноатикунонии босуръати  мамлакат  ва  пешниҳоди  роҳҳои  бартарафсозии  мушкилоти ҷойдошта  мебошад.

Сипас, Наҷмуддиниён Асадулло Мирзо – н.и.ф.-м., дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода дар мавзӯи “Асосҳои ҷорисозии иқтисоди рақамӣ дар шароити муосир” баромад намуда маъруза кард.

Дар рафти конференсия Азимов Пулод Ҳакимович – н.и.и., дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳамгироии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ” маърӯза намуд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамчун  иштирокчии  равандҳои  иқтисодии ҷаҳон  нақши  хеле  муҳим  мебозад,  зеро  он  дорои  захираҳои  бойи  табиӣ буда,  имконияти  васеъи  нақлиётиву  транзитиро  соҳиб  мебошад  ва  бо мақсади  баланд  бардоштани  самаранокии  истифодаи  афзалиятҳои мавҷуда,  ташаббускори  таҳияи  аксари  лоиҳаҳои  минтақавӣ  ва байниминтақавӣ мебошад.

Иштироки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  созмонҳои  ҳамгироии минтақавӣ  кафолати  иловагӣ  ва  имконяти  воқеъии  бештарро  дар таъмини  амнияти  минтақавӣ  ва  рушди  устувори  иқтисодӣ  фароҳам меоварад.  Аз  ин  лиҳоз,  пешгирии  таҳдидҳо  ба  амнияти  миллии кишварҳои  алоҳида  афзалияти  асосии  таъмини  амният  дар  минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Самти  афзалиятноки  сиёсати  хориҷии  иқтисодии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  марҳилаи  кунунӣ  татбиқи  лоиҳаҳои  ҳамгироӣ  бо  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  мебошад.  Тоҷикистон  сиёсати  ҳамгироиро  дар  асоси  консепсияи  ҳамгироии  минтақавӣ  пайваста  пеш  мебарад  ва  барои  рушди  равобити  байналмилалӣ  байни  кишварҳои  минтақа  тадбирҳо

меандешад.

Дар  марҳилаи  кунунии  рушди  иқтисодии  Тоҷикистон,  аҳамияти

ташаббусҳои ҳамгироии минтақавӣ аз он ҷиҳат меафзояд, ки ин равандҳо ба  манфиатҳои стратегии иқтисодии кишвар ҷавобгӯ мебошанд. Вусъат ёфтани  ҳамгироии минтақавӣ дар фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки  рушди  иқтисоди  миллии  ҳар  як  кишвари  минтақа  таъмин  гардида,  мавқеъи он дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ устувор нигоҳ дошта шавад.

Сипас, Умарзода Улуғбек Хуҷа – н.и.т., дотсент, муовини раиси кумитаи сохтмон ва меъморӣ баромад намуда дар мавзуи “Стратегияи рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон то солҳои 2030” маъруза намуд.

Дар рафти конференсия Арабов Муллошараф Қурбонович – н.и.ф.-м., муаллими калони кафедраи таҳлили маълумотҳо ва технологияҳои барномасозӣ, Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия тариқи онлайн баромад намуда дар мавзӯи “Ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва иртиботии муосир дар раванди таълим ва омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори муосири меҳнат ҷавобгӯ ва рақобатпазир” маъруза намуд.

Мавсуф дар баромадаш қайд намуд, ки мо  дар  замоне  қарор  дорем,  ки  илму  техника  дар  ҳолати  рушди кайҳони  қарор  дошта,  ҳаррӯз  технологияҳои  нав  ба  нав  ва  барномаҳои гуногун  коркард  карда  мешаванд.  Дар  авҷи  инкишофи  техногияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ҷомеаро лозим аст, ки ҳамқадам  ба давру замон буда, аз  навтарин  технологияҳои  муосир  истифода  баранд.  Ҷомеае  ки  аз технология қафо мемонад, дар айни ҳол ҷомеаи қафомонда ва номуваффвқ ба ҳисоб меравад. Тавре ки маълум аст, рушди ҳар як ҷомеа аз мактабу маориф сарчашма  мегирад,  бинобар  ин  дар  ин  замонаи  пурҷушу  хуруши информатсионӣ  яке  аз  масъалаҳои  асосии  маорифи  кишвар  ба  таври  сареъ ҷорӣ намудани  технологияҳои  иттилоотӣ  ва иртиботии  муосир  дар раванди таъдим ба ҳисоб меравад.

Тавре ки медонем ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва иртиботӣ кори саҳл набуда, пеш аз ҳама ниёз ба мутахассисони варзидае ки метавонад  ин  технологияҳоро  ҷорӣ  намоянд  мебошад.  Барои  раҳо  ёфтан  аз ин мушкили зарур аст, ки курсҳои бозомӯзии кадрҳо мақсаднок ба роҳ монда шуда,  ба  қадри  лозимӣ  аз  мутахасисони  ватаниву  хориҷӣ  истифода  карда шавад.

Яке аз мушкилоти дигар норасоии маводҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар тӯли фаъолияти корӣ дар донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додем, то маводҳои лозимиро хусусан ба забони тоҷикӣ омода созем.

Мусаллам аст, ки пеш аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ниёз ба тадқиқотҳои  илмиву  педагогӣ  ва пешниҳод  намудани  роҳҳои  ҷорӣ  намудан онҳо  мебошад.  Ҷорӣ  намудани  технологияҳои  иттилоотӣ  ва  иртиботии муосир бояд ба якчанд бахш тақсим карда шавад.

Қайд  кардан  ба  маврид  аст,  ки  дар  айни  ҳол  ба  донишҷӯён тадрис  додани   редакторҳои  матнӣ,  таърихи  мошинҳои  электронии ҳисоббарор,  намудҳои  принтеру  сканнер  ва  ғайра  чӣ  дар  мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чӣ олии касбӣ ғайри қобии қабул буда, ба ҷойи он зарур аст, ки ба донишомӯз он чизҳое тадрис дода шавад, ки фоидаовар буда, дар оянда барои мутахасиси хуб шудани он кумак кунанд ва бевосита дар фаъоияти ояндаи он истифода шаванд.

Сипас, Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич – д.и.т., профессор, мудири кафедраи меъморӣ, биноҳо ва иншоотҳои   Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба сухан баромада дар мавзуи “Роҳҳои меъморӣ, сохтмонии таъмини сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергетикӣ дар биноҳо” маъруза намуд.

Пас аз итмоми маърузаҳо  аз толор омӯзгорон ва донишҷӯён ному насаби маърӯзачиёнро гирифта ба онҳо савол пешниҳод намуданд, ки маърӯзачиён ба саволҳо посухҳо доданд.

Дар фарҷом, кори конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия – Азимов Х.Ҳ.   ҷамъбаст  намуда,  аз тарафи меҳмонон фаъолони чорабинӣ  бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

   

 

 

Categories: News