Санаи 06.03.2024 дар толори китобхонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати коллеҷ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони коллеҷи техникӣ бахшида ба Рӯзи Модар мизи мудаввар таҳти унвони “Дасти дуои модар” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи модар табрику таҳният намуда, қайд кард, ки занон нерӯе мебошанд, ки дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ нақши мурасир мегузоранд. Занон дар тамаддуни баланди ҷаҳонӣ, махсусан дар мақоми муқаддаси модарӣ саҳми босазое доранд. Таҷлили Рӯзи Модар дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшишу дастгирӣ ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон мақому манзалати хешро пайдо карданд. Мо барои суннатҳои ахлоқии ниёгон бояд ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, хислатҳои хоси занони тоҷик ҳамчун «Модари хушбахт» ҳифз шаванд ва мавқеи худро аз даст надиҳанд.

Сипас, мудири бахши фарҳанги коллеҷи техникӣ Акрамова Нуринисо, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ Азизмамадова Зулфия, асистенти кафедраи мазкур Изатов Юсуф баромад намуда қайд намуданд, ки занону модарон сарчашмаи ҳастӣ, тараннумгари зебоӣ, қадршиносӣ ва нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат мебошанд. Зеро Модар меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан ва эҳтиром ба калонсолонро ҷой медиҳад.

Зан – Модар тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯёни фаъол баромад намуда, дар васфи Модар шеърҳо қироат намуданд.

Categories: News