Санаи 14.11.2023 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ЭЙ НОМУ НИШОНИ ТОҶИКИСТОН” баргузор гардид. Чорабинии фарҳангӣ бо садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид. Дар даромадгоҳи бинои асосии коллеҷ аз тарафи масъулони китобхона китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ, меҳмононон: Заррагул Мирсанова – Котиби 2-юми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Машидов Саъдӣ- Котиби 2 – юми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чорабиниро директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ доктори илмҳои техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфта, ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо як ҷаҳон ихлосу самимият ва эҳтироми бепоён аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони садоқат ва муҳаббати бепоёни мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба Пешвои маҳбуби миллат мебошад, зеро ба шарофати сиёсати оқилонаву ҳадафмандона ва ояндасози Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошта, рушди босуботи мамлакат таъмин гардидааст.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.

Сипас, Заррагул Мирсанова – Котиби 2-юми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба сухан баромада иштирокичиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар саросари мамлакат 16 – уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани ин санаи таърихӣ нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.

Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро чун кишвари соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳан, тавассути ташаббусҳо ва хизматҳои беназири Пешвои миллат чун миллати эҷодкору созанда мешиносанд ва ба мақому нуфузи Тоҷикистон дар раванди созандагӣ ва пешрафти ҷаҳони муосир арҷ мегузоранд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳунарии аз ҷониби бахши фарҳангии коллеҷ таҳияшуда, ки фарогири шеъру суруд ва рақсу оҳангҳои ҷолиб буд, пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.

Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ аз тарафи раёсати коллеҷ ба як қатор омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаю сипоснома тақдим гардида, донишҷӯёни ятимони кулл ва маъюбон ба маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Categories: News