Санаи 10.01.2023 дар толори фарҳнгии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши мазкур меҳмонон: вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Бурҳонзода Муслиҳиддин, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе – Шамсов Сайдалӣ, дотсенти кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ – Қасобов Лоиқ, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оиди пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, аз ҷумла иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки амалӣ намудани нуқтаҳои асосии Паём ва дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя, ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ мусоидат мекунад.
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар меҳвари сиёсати олии Ҳукумати мамлакат қарор дорад, ки дар Паёми имсола низ ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Вобаста ба ин мо омӯзгоронро зарур аст, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат рақобатпазир тамоми малакаву маҳорати худро сарф намоем.
Дар идомаи ҳамоиш тибқи барнома Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад изҳор дошт, ки Пайёми Президентӣ мамлакат сухани самими, барномаи қавлу амал навиди раҳнамо ба сӯи фардои дурахшони кишвар аст. Дар низоми давлатдории миллӣ соҳаи маориф самти калидии сиёсатӣ маорифпарваронаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар даврони истиқлолияти мамлакат соҳаи маориф ба тадриҷ рушд карда, барномаҳои нави таълимӣ китобҳои дарсӣ рушди нерӯи зеҳнии ҷавонону наврасон навиди тоза касб кард. Дар ин росто бобати таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеаи кишвар, ҷавонон озмунҳои нав ва фарогир рӯи кор омада, чеҳраҳои хушзавқ ва донишманд дарёфт гардад.
Сипас, Муслиҳиддин Бурҳонзода дар бораи нуқтаҳои муҳимми Паёми солонаи Президенти мамлакат, дастгириву иқдомоти мондагору таърихии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва нақши ин қишри созандаи ҷомеа дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуд.
Шамсов Сайдалӣ дар баромади худ қайд намуд, ки Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.
Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.
Зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.
Дар идомаи ҳамоиш Қасобов Лоиқ ба сухан баромада зикр намуд, ки бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.
Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.

Categories: News