Рӯзҳои 23-28-юми октябри соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявии озмуни «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур донишҷӯи курси 4-уми (4-солаи) факултети энергетика ва техникаи тиббии коллеҷи техникӣ Акрамов Акобир Акбарович иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Санаи 28.10.2023 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фуруғи маърифат” баргузор гардида, донишҷӯён бо туҳфаҳои моливу хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Раёсати Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Акрамов Акобирро барои сазовор гаштан ба ҷойи ифтихорӣ табрик менамояд!