Санаи 6-уми майи соли 2021 бо ташаббуси шуъбаи илм ва кафедраи таърих ва ҳуқуқи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар толори фарҳангии коллеҷ ҳамоиши илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор шуд. Дар ҳамоиш Гулаҳмадзода Зулфиқор – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Шарифзода Абдувалӣ – н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши АМИТ, Изатуллои Ҳабибзод -мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи ӣҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини якуми Раиси ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон “Созандагони ватан” иштирок доштанд.

Ҳамоишро  директори коллеҷи техникӣ Холматов Рустам Буранлвич ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуда ва то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси ҳар як хонаводаи тоҷикистониён мегардад.

Бармадкунандагон зикр намуданд, ки бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар он ҷой дода шудаанд. Меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст. Китоби «Тоҷикон», воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.

Нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Дар ҷамъбасти ҳамоиши илмӣ ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм диплом ва ба иштирокчиёни фаъол ифтихорномаи маъмурияти коллеҷи техникӣ, инчунин аз тарафи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба иштирокчиёни озмун китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” тақдим карда шуд.

Categories: News