Боиси ифтихор аст, ки санаи 27-29 сентябри соли 2022 даври шаҳрии (шаҳри Душанбе) Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 4-уми (4-солаи) факултети энергетика ва техникаи тиббии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Акрамов Акобир ширкат варзида, аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи II (дуюм) гардид.

Ба Акрамов Акобир ҷиҳати идомаи иштирок ва талош баҳри ба даст овардани яке аз мақомҳои ифтихорӣ дар даври ниҳоӣ – даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» барору комёбӣ таманно дорем!