Санаи 04.03.2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани назария бо амалия, тибқи низоми дуалии таълим, хатмкунандагони факултети муҳандисию иқтисодии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ таҳти роҳбарии мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ Хакимов Зайиржан Ризибаевич дар ҶСП “АКТИВБОНК” оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзи ва дар оянда ба кор қабул кардани хатмкунандаи коллеҷи техникӣ, бо сардори раёсати “АКТИВБОНК” – Ҷӯраев Исмоил Қурбоналиевич ва сардори шӯъбаи кор бо кормандон Сарвари Фуруғи Солеховна вохури судманд баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси раёсати “АКТИВБОНК” муҳтарам Ҷӯраев Исмоил Қурбоналиевич қайд кард, ки ин иқдом дар оянда барои вусъат ёфтани низоми дуалии таълим қадамҳои нахустин ва устувор мебошад.