Санаи 22 апрели соли 2026 дар толори китобхонаи муассиса вохӯрии директори коллеҷ, муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам бо иштирокчиёни даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид.
Дар раванди вохӯрӣ директори коллеҷ иштирокчиёнро барои гузаштан ба даври навбатии озмун табрик намуда, иброз доштанд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ – арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва оммавигардонии мутолиаи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” мебошад.
Зимни суҳбат Низомзода З.М. ба омодагии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои муваффақона муаррифӣ кардани коллеҷ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Таъкид гардид, ки роҳбарияти муассиса барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ҳамеша омода аст.
Иштирокчиёни озмун низ дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ба роҳбарияти коллеҷ миннатдорӣ баён намуда, ваъда доданд, ки дар даври дуюми озмун бо дониши баланд баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Вохӯрӣ дар руҳияи илмӣ ва созанда ба анҷом расид.