Раёсати коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дотсенти кафедраи физика ва телекоммуникатсия Ғуломов Масрур Мирзохоновичро барои мушарраф гардидан ба унвони илмии доктори илмҳои техникӣ табрику муборакбод менамояд.

Ғуломов Масрур Мирзохонович санаи 11-уми майи соли 2022 дар Шӯрои диссертатсионии Д24.2.311.01-и назди Донишгоҳи миллии техникӣ-таҳқиқотии Қазон ба номи А.Н. Туполев рисолаи илмӣ (докторӣ)-и худро дар мавзӯи «Влияние углеродных нанотрубок ОСУНТ и МСУНТ) и кремниевой кислоты на изменение теплофизических, термодинамических и седиментационных свойств углеродных жидкостей» бомуваффақият ҳимоя намуда, бо қарори Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳти № 1261/нк аз 14.10.2022 ба Ғуломов Масрур Мирзохонович дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ дода шудааст.