Омӯзгорони гиромӣ! Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик намуда, ба Шумо дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон чун иди касбии омӯзгорон қайд карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон заҳмати пурмасъулияти тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр карда, таъкид доштанд: “Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд”.

Омӯзгор шахсест, ки ӯ ҳамеша дар талоши илмандӯзӣ, ботамкинӣ, хушгуфториву хушрафтории шогирд мебошад. Чеҳраи устод ҳамон вақт кушодаву хандон, умедбахшу созгор мешавад, ки шогирдаш дар талоши илмомӯзӣ бошад. Омӯзгор худ як шахсияти бузург аст, зеро шогирдонашро ба фарқ кардани неку бад ва баҳри амалӣ гардидани мақсади пешгирифтаашон тайёр менамояд.

Омӯзгор ҳамеша кӯшиш мекунад, ки шогирдро ҳамчун як инсони комил ба воя расонад. Аз ин лиҳоз, устод тарбияи сифатҳои ахлоқӣ, мехнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, некӣ, ростию ростқавлӣ, адлу инсоф, эҳтироми падару модарро ба онҳо талқин менамояд. Дигар сифати ахлоқӣ ин омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар аст, ки омӯзгор шогирдро ба омӯхтани илму ҳунар водор менамояд ва ҳамеша таъкид мекунад, ки қудрату тавоноии инсон маҳз дар дониш аст.

Чуноне, ки М.И. Калинин гуфта аст: «Муаллим муҳандиси қалби инсон аст».

Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хизмат куну устод шав!

Дӯстӣ, Ҳидоят, Назм, Илм, Ишқ, Эътимод ва Оромиш дар як шахс пайдо кардан мумкин аст, ки ӯ омӯзгор аст.

Бо ин таманниёти нек бори дигар Рӯзи омӯзгорро бароятон табрик гуфта, хоҳони онам, ки ҳамеша комёбиву муваффақиятҳо ёратон бошад ва дар таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони варзида барои ободию пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузоред.

Бигзор, ҳамеша соҳиби иззату обруй ва ҳурмату эҳтироми насли наврас ва ҷавонони кишвар бошед!