Санаи 05.10.2023 дар бинои асосии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ – фарҳнгӣ бахшида ба “Рӯзи омӯзгорон” дар мавзӯи “Омӯзгор – ҳастии рӯзгор” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷӯрабек, аҳли раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ иштирок намуданд.

Директори коллеҷи техникӣ Саидзода Масрур Мирзохон меҳмонро муаррифӣ намуда, чорабиниро кушода эълон кард ва ҳамаи омӯзгоронро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба корҳои илмиашон бурдбориҳоро таманно намуд.

Зимни баромади хеш муҳтарам Саидзода М.М. қайд намуд, ки чуноне, ки ҳамагон медонем, ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон дар саросари ҷумҳурии азизамон ҷашн гирифта мешавад. Бузургии шахсият ва омӯзгор аз забони бурро, шево, фаҳмо муайян карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ аз маҳсули ранҷу машаққати шабонарӯзии омӯзгор вобаста аст”.

Шоирону нависандагони тоҷик дар васф ва манзалати омӯзгор шеъру суханҳои зиёд гуфтаанд.

Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мақом ва манзалати омӯзгорро дар ҷомеа чароғи маърифат, нуру эҳёи миллат дониста, бе хизмати ӯ аз бехирадон тира шудани рӯзгорро ҳушдор додаст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Омӯзгор машъалафрӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба зиммаи ӯ масъулияти басо бузург ва пуршараф – таълиму тарбияи насли наврас вогузор карда шудааст. Мо омӯзгоронро зарур аст, ки дар руҳияи содиқ будан ба анъанаҳои неки гузаштагони хеш, донистани забону таърихи пурғановати миллати худ, дар руҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ талош варзем.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷӯрабек ба сухан баромада, омӯзгоронро бо иди касбиашон табрику шодбош намуда, қайд намуд, ки дар воқеъ саҳми устод-омӯзгор дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва бо роҳи рост ҳидоят намудану омӯзонидани дарси зиндагӣ назаррас мебошад. Қайд намуд, ки рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгор наметавон тасаввур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад».

Дар ҷараёни баргузориии чорабинии мазкур донишҷӯёни шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии коллеҷ порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд, ки тараннумгари хизматҳои шоён ва заҳмату меҳнати назарраси омӯзгорон мебошад.

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон як зумра кормандону омӯзгорон барои заҳматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимӣ бо Сипосномаю ифтихорномаи раёсати коллеҷи техникӣ ва бо сипосномаю ифтихорномаи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон барномаи фарҳангию фароғатии бахши фарҳанги коллеҷи техникӣ табъи ҳозиринро болида намуд.