Боиси ифтихору сарбаландист, ки мудири шуъбаи робитаҳои хориҷӣ – Ҳакимов Зайиржан Рузибаевич, мутахассиси пешбари шуъбаи робитаҳои хориҷӣ – Сафаров Парвиз Маҳмадалиевич ва муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва идораи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Қосимова Муҳибахон Сайфуллоевна дар озмуни эҷодии минтақавӣ, ки бо иштироки шарикони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи илми Россия ва 300-солагии таъсисёбии академияи илмҳои Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи намоён гардида, бо дипломи дараҷаи 1 ва шаҳодатнома қадрдонӣ гардиданд.