Дар доираи Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026, ки дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, Муовини директор оид ба робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникӣ Ҳакимов Зоирҷон ва мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Зимни баргузории форум намояндагони Коллеҷи техникӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла намояндагони ташкилоти GIZ, мулоқоту гуфтугӯҳои судманд анҷом дода, масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти таҳсилоти касбӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, бо намояндагони 6 муассисаи таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Туркия вохӯриҳои корӣ баргузор гардида, оид ба таҳия ва баррасии лоиҳаи меморандумҳои ҳамкорӣ гуфтушунидҳо сурат гирифтанд.
Дар рафти мулоқотҳо ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, ташкили таҷрибаомӯзиҳои муштарак, татбиқи барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаи таҳия ва баррасии лоиҳаи меморандумҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифт:
1. Коллеҷи индустриалии Талдиқурғони назди Раёсати маорифи вилояти Жетисуи Ҷумҳурии Қазоқистон;
2. Коллеҷи энергетика ва технологияҳои электронии шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон;
3. Коллеҷи касбии шаҳри Текелии вилояти Жетисуи Ҷумҳурии Қазоқистон;
4. Техникуми пешқадами маҳорати касбии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
5. Техникуми №1 вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон;
6. Техникуми №1 ноҳияи Пахтагичии Ҷумҳурии Узбекистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ташкили таҷрибаомӯзиҳои муштарак, татбиқи технологияҳои муосири таълим ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо оид ба омода ва мувофиқа намудани намунаи меморандумҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳо ба мувофиқаи аввалия расиданд.
Ин мулоқотҳо барои густариши робитаҳои байналмилалии Коллеҷи техникӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти касбии хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меоварданд.