Имрӯз санаи 10.06.2026 намояндагони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар вохӯрии иттилоотии онлайн, ки дар доираи лоиҳаи байналмилалии PROGRESS баргузор гардид, иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ маълумоти муфассал оид ба озмуни пешниҳоди дархостҳо барои шарикиҳои транссарҳадии тандемӣ, ҳадафҳои ташаббус, шартҳои иштирок, тартиби пешниҳоди дархостҳо ва меъёрҳои интихоб пешниҳод карда шуд.
Инчунин иштирокчиён имконият доштанд ба намояндагони лоиҳа саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои зарурӣ гиранд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳо барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва ҷалби имкониятҳои нав барои муассисаи таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.