20-уми феврали соли равон дар кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба рузи байналмилалии забон ва ҷамъбасти ҳафтаи фанни ҳамоиш байни омузгорон ва донишҷуёни муассиса гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш Зулфониён Раҳим Раҷабзода – сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х., сардори раёсати таълим Мираков Н., декани факултети муҳандисию иқтисодӣ – Мисралиев Ф., мудири кафедраи забони тоҷикӣ-Назаров Х.Д., омӯзгорони кафедра: Мусинова З., Абдуназарова Г. ва донишҷӯёни фаъоли муассиса иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини директор оид ба илм ва инноватсия – Азимов Х.Ҳ. Кушода эълон намуда ҳозиринро бо рӯзи байналмиллалии забон табрик гуфт. Моҳият ва аҳамияти таҷлили рузи байналмилалии забон кайд гардид.

Ҳамзамон риштаи сухан ба Зулфониён Раҳим Раҷабзода – сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Зикр гардид, ки ин рӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, зеро забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Арзишмандтарин сарчашмаи мероси гузаштагон барои наслҳои оянда забон арзёбӣ мегардад. Донистан ва омӯхтани таърихи забони миллат имконият фароҳам меорад, ки забонамонро дӯст дорем, барои ҳифзи он талош варзем, рушди бемайлони онро таъмин намоем.

Муҳсинова Зуҳро Сайвалиевна-ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ба сухан баромада чунин қайд намуд: Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадима ва поку тоза буда, таърихи дуру дароз дорад. Максад ва вазифаи мо – омӯзгорон ва насли имрӯза ин мероси ниёкони худро поку беолоиш ба ояндагон расонида тавонистан мебошад.

Дар рафти чорабинии мазкур донишҷуён дар васфи забон, забондонӣ ва забономӯзӣ шеърҳо кироат намуда, эҳтиром гузоштан ба забони миллии худ ва забонҳои дигари дунёро ба иштирокдорон талқин намуданд.

Дар рафти чорабинӣ мудири кафедраи забони тоҷикӣ Назаров Х.Д. баромад намуда қайд намуд, ки имрӯзҳо масъалаи забон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давлат безабон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат, яке аз муқаддасоти асосии он ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон беш аз ҳарвақта афзун мешавад, зеро забон нишонаи муҳимтарини Истиқлолият, Ваҳдат ва соҳибфарҳангиву соҳибдавлатист.

Дар фарҷом муовини директор оид ба илм Азимов Х.Ҳ. ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ иродаи устувор ва бурдбориҳо орзу намуда, чорабиниро ҷамъбаст намуд.

 

Бахши матбуот

 

                                  

 


0 Comments

Leave a Reply

Your email address will not be published.