Боиси ифтихор аст, директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ – Низомзода Зокирҷон Мукарам барои ҳамкориҳои судманд, муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ – Ҳакимов Зоирҷон Рузибаевич ва мудири шуъбаи робитаҳои хориҷӣ – Сафарзода Парвиз Маҳмадалӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 бо Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Сипоснома аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи тадорукоти форум муҳтарам Холмаҳмадзода Солеҳа тақдим гардидааст. Дар он саҳми назарраси намояндагони коллеҷ дар омодагӣ ва баргузории чорабинии сатҳи байналмилалӣ махсус таъкид шудааст.
Қобили зикр аст, ки Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 рӯзҳои 28-29 майи соли 2026 дар ноҳияи Данғара баргузор гардида, ба рушди таҳсилоти касбӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуд.
Раёсати Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба кормандон бо ин қадрдонии арзанда самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.