Устодони гиромӣ ва донишҷӯёни азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон, ки онро ҳамасола ҳамчун рамзи гиромидошти забони миллии мардуми тоҷик ҷашн мегирем, бо самими қалб табрик мекунам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар баромади хеш қайд намуданд:  “Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад”.

Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.

Забони мо ифодагари арзишҳои маънавии рӯзгори мардуми тоҷик аст. Бинобарин поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо вазифаи ҷонии ҳар яки мову шумост. Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки сарчашмаи худогоҳиву худшиносии миллӣ – ин забони модарӣ аст ва барои пойдору мустаҳкам намудани он ҳама даст ба дасти ҳам диҳем.

Бори дигар аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумо, устодони гиромӣ ва донишҷӯёни азизро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният гуфта, ба Шумо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватансозӣ иродаи қавӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.