Пешво маънои роҳнамо ва сардорро дорад, пешвои халқ будан ин орзуи ҳамешагии инсон аст. Аммо на ба ҳар кас тай намудани ин роҳи душвору хатарнок муяссар мегардад. Барои расидан ба ин мақоми олӣ донишу заковат, қавииродагиву мардонагӣ мебояд. Танҳо шахсиятҳои бофазлу боирода ва худогоҳ ба ин мартаба мерасанд. Доираи ин мавзуъ мехоҳам андешаҳои худро ба таври мухтасар баён намоям.

Бар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ муддате фазои сиёсии кишварҳои воҳид ноором гашта ҳаводиси ҳузнангезеро ба миён овард. Мутаасифона Тоқикистон ба гирдоби низоъ афтода дар кишвар бесарусомонӣ сар зад. Оӯози ҷанги шаҳрвандӣ ба бетаҷрибагии давлатдории мустақил, ба суст гаштани низоми ҷомеа ва ба парокандагӣ банд гашт. Ҳазорон сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд. Фазои сулҳу субот аз байн рафт. Хатари аз байн рафтани давлат ва қисм қисм шудани он низ ба назар мерасид.

Хушбахтона, ба воситаи нури офтоби маърифати миллат охирон умед дар дили азияткашидаи халқи тоҷик зинда монда, оқибат алайҳи шоми сияҳ пирӯз гаштанд. Таъкид бояд кард, ки офтоббахши миллат – ин Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Иҷлосия ба раиси Шӯрои Олӣ яъне Эмомалӣ Раҳмон ваколати сарварии давлат дода шуд, ки бо дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ, дар такя ба халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян намояд. Ба ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, авфи умум, халъи силоҳ, баргардонидани гурезаҳо ва таълими ҳуқуқи инсон шуруъ намуда, дар андак вақт назми ҷомеаро барқарор созад. Ба андешаи ман ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рӯзи ба сари давлат омадан, ҷомаи нангу номус ба бар карда, тамоми неруи ҷисмонӣ ва ақлонии хешро дар роҳи наҷот расонидааст. Ба ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шудааст.

Шукри ваҳдат, шукри бахти пойдор,

Пешво дорем, дорем ифтихор.

Бемалол аз заҳмати пайвастааш,

Гул-гулафшон аст меҳан чун баҳор.

Тоҷикистон ба мулки озоду обод, ба кишвари бузургони равшанзамир ва ватандӯст табдил ёфтааст. Зеро, Ҷаноби Олӣ, Пешвои воқеии миллат тавонистанд ҳамчун Сиёсатмадори матҳи ҷаҳонӣ ба ақлу заковат ва давлатдории хирадмандони худ ба шоистагии тамом Тоҷикистонро дар саросари курраи замин муаррифӣ намоянд.

Рушду тарақиёте, ки дар тули 31 соли соҳибистиқлолӣ ба заҳматҳои шабонарузии Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҷаҳони муосирро ба ҳайрат овард. Маҳз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун шуд ва миллати парокандаи он дубора соҳибватан гардид ва мебояд ба қадри ҳама заҳматҳову меҳнатҳои ин абармарди хирад расид ва мебояд барои ҳифзу таҳкимаш пайваста таллош варзем.

Илҳом Сафаров – сардори раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ ва бахши кор бо ҷавонони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ