Дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ санаи 18-уми феврали соли 2021 ҳамоиш дар мавзӯи «Мубориза ва пешгирии нашъамандӣ, майпарастӣ, терроризм ва экстремизм, қонуншиканӣ, даст назадан ба дуздӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ» байни волидайни донишҷӯён баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон дар ВКД ҶТ, намояндагони гурӯҳи ҷавонони “Авангард” намояндагони раёсати кор бо чавонони нохияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини директор оид ба илм Азимов Холиқназар дар ҳамоиш суханронӣ намуда, меҳмонон, омӯзгорон ва волидайни донишҷӯёнро хайрамакдам гуфт. Сипас, риштаи суханро ба Мирзозода Абдуқодир Довуд – муовини сардори раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон дар ВКД ҶТ дод.

Мавсуф қайд кард, ки асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ мебошад.

Хамзамон Исмоилов Абдураҳим – намояндаи раёсати ВКД ҶТ дар баромади хеш чунин изҳор намуд: Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Бояд гуфт, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобовариро дар худ густариш дода, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувори шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.

Пасон,  Камолзода Муборакшо – Муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар ҶТ чунин қайд намуд: Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҷавонон бисёр имкониятҳо ҳам барои таҳсил, ҳам барои кору фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фароҳам оварда шуда истодааст.

Эълон шудани Соли 2017- «Соли ҷавонон» низ беҳуда набуд. Зеро Сарвари давлат ҳамеша ба ҷавонони бонангу номус такя менамоянд. Бояд, ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон баҳри ободии диёр ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд,  ба ҳар гуна гурӯҳҳои нохалаф шомил шуда, тақдири худ ва ояндаи миллатро доғдор насозанд.

Дар ин замина дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Мутаассифона, ҳазорон нафар ҷавонон ба воситаи интернет ба доми ин бало-шабакаи терорристӣ афтода, маҳв гаштаанд ва боз мегарданд.

Аз ин лиҳоз,  омӯзгоронро зарур аст, ба ҷавонон, ба донишҷӯён оид ба мақсадҳои ғаразноки ин ҳизбу ҳаракатхои номатлуб маълумот дода, онҳоро аз ин руйдодҳо хушдор диҳем.

Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти  миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.
Чи хеле, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:

«Мо наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар души худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо созем. Моро мебояд, ки истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ватанамонро ободу зебо гардонем. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад. Мо ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ба воя расонем».

Бояд мо ҷавонон дарк намоем, ки пос доштани ин муқаддасот ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо ба қадри Тоҷикистони соҳибистиқлол расида, баҳри сарсабзиву хуррамии он софдилона меҳнат намуда, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардорем.

Дар охир  масъулини чорабини ҳамоишро ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон барои иштирок ва  баромадашон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.

 

Бахши матбуот

 


0 Comments

Leave a Reply

Your email address will not be published.