Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва дар бозори меҳнат ҷавобгӯ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, пайваста кӯшиш намуда истодааст.

Санаи 18.03.2024 раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон аз Федератсияи Россия, намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯён озмоишгоҳи техникаи тиббиро мавриди истифодабарӣ қарор дод.

Директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ба сухан баромада, иштирокчиёнро ба муносибати ба истифода додани озмоишгоҳи мазкур табрику таҳният гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуда, чорабиниро ифтитоҳ намуд.

Зимни баромади хеш муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон қайд намуд, ки раёсати коллеҷи техникӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва дар бозори меҳнат ҷавобгӯ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, пайваста кӯшиш намуда истодааст.

Бо шарофати истиқлолияти кишвар баҳри беҳдошти сифати таълиму тарбияи коллеҷи техникӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намудааст.

Саидзода М. қайд намуд, ки коллеҷи техникӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи техника ва таҷҳизотҳои тиббӣ пайваста кӯшиш мекунад.

Имрӯз озмоишгоҳи мазкурро барои гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишӣ мавриди истифодаи васеъ қарор медиҳем, ки дар онҳо корҳои озмоишӣ аз фанҳои тахассусӣ иҷро карда мешаванд. Озмоишгоҳи мазкур бо воситаҳои техникии таълимӣ ва маводҳои гуногуни аёнии методӣ-таълимӣ ба монанди макетҳо, таҷҳизотҳои ченкунандаи рақамӣ ва электронӣ ва дигар таҷҳизотҳои намудҳои гуногун, нақшаҳои гуногуни дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои тиббӣ ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ғайр аз ин корҳои озмоишӣ ба таври виртуалӣ бо воситаи барномаҳои махсуси компютерӣ аз фанҳои тахассусӣ дар ин озмоишгоҳ иҷро карда мешаванд.

Раёсати коллеҷ пайваста баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ҳамаи шароитҳоро муҳайё намуда истодааст. Директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур иброз дошт, ки мо омӯзгорону кормандони коллеҷ гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда кӯшиш менамоем, ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои дахлдори мамлакат камари ҳиммат баста барои гулгӯлшукуфии кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд менамоем, ки саҳмгузор бошем.

Сипас, мутахассиси пешбари Кумита оид ба таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоева Рухшона инчунин Зверева Эльвира Рафиковна доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи экологияи муҳандисӣ ва бехатарии меҳнати Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазони Федератсияи Россия баромад намуда, ба муносибати мавриди истифода қарор додани озмоишгоҳи техникаи тиббӣ ба ҳар яки иштирокчиёни чорабинӣ саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин, дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзу намуданд.

Сипас, меҳмонон аз рафти фаъолияти озмоишгоҳ шинос шуда, аз раёсати коллеҷи техникӣ барои бунёд ва батистифода додани чунин озмоишгоҳи замонавӣ ва саривақтӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.