Санаи 5-уми ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ  баргузор гардид.

Дар конференсияи Ҳусейнзода Хусрав Ҳусейн – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимов Яқуб Бахтиёрдинович – сармутахассис ва Раҳмонов Ҳикматулло – мутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзии истифодаи сарватҳои табии ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафорзода Юсуф – мутахассиси пешбар ва Шарифзода Додихудо – мутахассиси  раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Конференсияи илмӣ-назариявиро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар ифтитоҳ намуда, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаро бо Рӯзи Конститутсия муборакбод гуфта, беҳтарин комёбиҳои рӯзгору фаъолияти меҳнатиро таманно намуд. Қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа дигаргуниҳои куллии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъпурии умумихалқӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйиру иловаҳо ворид карда шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии кишвари азизамон мебошад, ки дурнамои пешрафти  давлати  соҳибистистиқлоли моро муайян мекунад.

Ҳусейнзода Хусрав Ҳусейн бо камоли самимият омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бурдборӣ, тансиҳатӣ, сулҳу суббот, тинҷию оромиро таманно намуда, қайд кард, ки боиси ифтихори сарбандалист, ки мардуми шарафманд, некирода ва сулҳхоҳи Ватани маҳбубамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои хушҳолию ваҳдат, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷашн мегиранд.Чуноне, ки Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Конститутсия нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсола аз байн рафтани давлати Сомониён қабул гардид”.

Ҳакимов Яқуб Бахтиёрдинович – сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзии истифодаи сарватҳои табии ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадаш ба нуқтаҳои асосии Конститутсия такя намуда, қайд кард, ки Конститутсия яке аз сарчашмаҳои соҳибистиқлолӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд башумор рафта, ба манфиати Тоҷикистон хизматҳои шоиста мекунад, зеро Конститутсия бахтномаи миллати тоҷик аст.

Шарифзода Додихудо – мутахассиси  раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Конститутсия – бахтномаи миллат” маърӯза намуд. Мавсуф дар бораи замони қабули ин санади тақдирсоз ва аз ҷониби халқ якдилона пазируфта шудани он маълумот дод.

Ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқ Маҳмадаминов Муҳаммадлатиф дар мавзӯи “Аҳамияти таърихии қабули конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, қайд кард, ки нақши муҳими конститутсия дар идоракунии давлат, ташкили давлати ҳуқуқбунёд, озод, демократӣ, зарурияти қабули конститутсия, ҷиҳатҳои таърихии онро баррасӣ намуд.

Дар фарҷоми конференсияи илмӣ-назариявӣ, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. бори дигар иштирокчиёни конференсияро бо ин рӯзи саид муборакбод гуфта, ба меҳмонон миннатдории аҳли маъмурияти коллеҷро иброз намуд. Қисмати саволу ҷавобҳо аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорон ва меҳмонон хеле хотирмон гузашт.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ, ки ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд бо шукӯҳу шаҳомати хоса ба анҷом расид ва ба иштирокчиён хотираи неке боқӣ гузошт.