Санаи 28-уми  апрели  соли 2021 тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи илм ва инноватсия дар пояи факултети муҳандисию иқтисодӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идораи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ  конференсияи илмӣ- амалии Ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Механизми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммо ва дурнамо» баргузор шуд.

Дар конференсия иштирок доштанд: Рабизода Абдуалӣ  – сардори  Раёсати омори демографии шуғли ахолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимов Пӯлод Ҳакимович – н.и.и., дотсент, декани факултети менеҷмент ва коммуникатсияи нақлиётии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Мерганов Воҳид – сармутахассиси вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматов Бахтовар Қушиевич – муаллими калони кафедраи молия ва ҳисобдории ДДМИТва Турдиев Шаҳомуддин – Сармутахассиси Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кори  конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия н.и.т. Азимов Х.Ҳ. ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳон меистад ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бартараф кардани қашшоқӣ мебошад. Вобаста ба ҳалли  ин мушкилот  давлатҳои ҷаҳон ба раванди ҳамгароии минтақавӣ аҳамияти хоса дода, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро анҷом медиҳанд ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  ҳама гуна омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ истифода намуда барои  таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ ва нақши рушди устувори иқтисоди миллиро дар тадриҷан паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки паст кардани сатҳи камбизоатӣ  масъалаи хеле мураккаб ва бисёрҷанба мебошад. Имрӯз давом додани тадқиқот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ҶТ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ  ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Дар конференсия масъалаҳои самтҳои  асосии дурнамои сиёсати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи  умумии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ба муносибатҳои иқтисодиёти  бозорӣ, таҳлили  вазъи макроиқтисодиёт  ва рушди иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои таъсиррасон барои ташкил кардани ҷойҳои корӣ ва роҳҳои бартарафкунии мушкилиҳо дар ин самт, рушди босуботи саноаткунонии кишвар зимни омодасозии мутахассисони ҷавобгуи талаботи бозори меҳнат ва механизмҳои мусоидат барои таъсиси истеҳсолоти нав ва бунёди инфрасохтори замонавӣ ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ муҳокима ва баррасӣ шуданд.

Сипас риштаи сухан ба Рабизода Абдуалӣ  – сардори  Раёсати омори демографии шуғли ахолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, ки у дар мавзӯи «Методологияи ҳисоби камбизоатӣ дар ҶТ» баромад намуда дар баромади худ оид ба  тадқиқоти буҷети хонаводаҳо (оилаҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Метология ва сарчашмаҳои камбизоатӣ дар кишварҳои ИДМ, Нишондиҳандаҳои некӯаҳволӣ, барои баҳодиҳии сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои ИДМ ва динамикаи нишондиҳандаи камбизоатӣ ва камбизоатии ғизоӣ (шадид) дар солҳои 2013-2019 дар ҶТ қайд намуд.

Баъдан Азимов Пӯлод Ҳакимовичн.и.и., дотсент, декани факултети менеҷмент ва коммуникатсияи нақлиётии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ  дар мавзӯи “Ҷалби сармоягузориҳо дар низоми нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили паст кардани сатҳи камбизоатӣ” маъруза намуд.

Азимов П.Ҳ. қайд намуд, ки беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад. Инчунин дар бораи мушкилоти сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизмҳои сармоягузорӣ дар низми нақлиётӣ қайд намуданд.

Баъди маърӯзаҳо бо иштироки фаъоли омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ саволҳо ба баромадкунандагон пешниҳод шуданд, ки баромадкунандагон бо далелу рақамҳо ба саволҳо ҷавоб гардониданд.

Баъди саволу ҷавоб ба бахши иқтисодии конференсия  муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. хотима бахшида, нимаи дуюми руз конференсия аз руи бахшҳои  техникию риёзӣ ва  гуманитарӣ дар толори китобхона бо иштироки фаъоли устодон гузаронида шуд.


0 Comments

Leave a Reply

Your email address will not be published.