Санаи 23.04.2026 дар толори Шӯрои олимони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Форуми байналмилалӣ тариқи маҷозӣ таҳти унвони «Табдилдиҳии рақамии логистика дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ» баргузор гардид, намояндагони коллеҷи техникӣ дар форуми мазкур фаъолона иштирок намуданд. Дар кори форум намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия низ иштирок доштанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ – Ҳакимов Зоирҷон дар мавзӯи «Низоми дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо маърузаи пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба аҳаммият, афзалият ва роҳҳои татбиқи ин низом дар баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони ҷавон ибрози назар кард.
Форум дар фазои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба баргузор гардида, барои густариши робитаҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаи логистика заминаи мусоид фароҳам овард.