Муҳтарам Қиматбӣ Элназар, ба муносибати зодрӯзатон самимитарин табрикоти коллективи меҳнатии  коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бипазиред.

Шумо дар байни кулли омӯзгорон ва  кормандони муассисаи таълимӣ ба обрӯву нуфузи  шоиста сазовор гардидаед.

Зери роҳбарии Шумо дар самти тарбия коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст.

Саъю талошҳои Шуморо ҷиҳати таҳким бахшидан ба тарбияи донишҷӯён ҳар лаҳза эҳсос менамоем.

Бо истифода аз ин фурсат,  Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем.

Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коллективи  мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша Шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад, бахт дар ҳама кору афкор ёратон бошад ва орзуҳои ширинатон амалӣ гарданд, дастгирӣ ва муҳаббати наздикон бароятон саодат ва умедҳои равшан эҳдо намоянд.

Fуломесуфов Н.М. – раиси  кумитаи

муттаҳидаи иттифоқи касабаи 

коллеҷи техникии ДТТ ба  номи академик М.Осимӣ