Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишварамон мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Ба масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Тавре маълум аст, ба бахшҳои асосии иҷтимоӣ, ки ба зиндагии шоистаи шаҳрвандон вобастаанд, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои занон ва ҷавонон дохил мешаванд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии сиёсати давлат мебошад. Иброз шуд, ки соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2024 дар буҷети давлатӣ 43 фоизи тамоми хароҷотро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 21,2 фоизи дар соли 2023 коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи тадбирҳои пайваста андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инчунин иброз гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нуқтаро Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам». Ин эътибори Пешвои миллат боис гардид, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи касбии худро иҷро намоянд. Аммо бо ин ҳама қонеъ набояд шуд ва дар рушди илм ва ҳамкории илмӣ талошҳои зиёдтар лозим аст. Дар ин маврид дар зинаи таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълиму таҳқиқот омили муҳим мебошад.

Хураснидиовараш ин аст, ки дар Паёми имсолаашон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд ва маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шуд.

Дар баробари ин ҳама, Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон эътимоднокии худро иброз дошта, таъкид сохтанд, ки онҳо бояд дар рушди илму инноватсия саҳми арзишманд гузоранд. Ягона омиле, ки ба ҷавонон дар ин роҳ кумак менамояд, аз нигоҳи Пешвои миллат, ин рӯй овардани онҳо ба илму дониш ва касбу ҳунар мебошад: «ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд». Ҷавонони саодатманди мамлакатро зарур аст, ки ба боварии Пешвои муазами миллат содиқ монда, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва ҳам дар олами воқеӣ ва ҳам бо истифода аз фазои маҷозӣ фарҳанги миллии худро ҳифз ва густариш диҳанд.

Раҳимов Рустам Абдураҳимовичёвари директори  муассиса

 

 

Categories: News