Дар паёми навбатии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28.12.2024 ироа намуданд, яке аз нуқтаи муҳим ин буд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.” (Эмомалӣ Раҳмон)

Яке аз роҳҳои расидан ба ҳалли масъала ин истифодаи дурусти вақт аст. Аз фурсати муносиб бояд истифода кард, чунки вақт бебозгашт аст. Вақт қиматтарин моликияти бунёдии мост. Барои ҳамин, мо ҷавононро мебояд, ҳаряк сония вақтамонро самаранок истифода барем. Барои имконкониятҳои зиёде вуҷуд дорад. Мисол ба ҷои он, ки соатҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ сарфа кардани вакти қимати худ, дар вақти холигиҳо, дар автобусу тролебус, дар истгоҳу мунтазири ягон кори дигаре бошем бо смартфону телефонҳои мобилии худ метавонем, пурра ба омӯхати забонҳо (англисӣ, хитоӣ ва русӣ, ки пояи асосии илмҳои технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ мебошанд), ва илмоҳои тақозои зоман технологияи иттилоотӣ, имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ ва коркардӣ иттилоот.

Умуман мо интернетро бо пул харидори менамоем, ва бояд барои манфиат истифода барем на барои зарар ва сарф кардани вақти қимати хеш. Икониятҳои омӯзиш дар интернет рӯз то рӯз зиёт шуда дар афзоиш аст. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд саъю кушиш ба харҷ диҳем то аз бисёр самтҳои имкониятҳои интернет бо хабар шавему истифода барем. Танҳо моро мебояд, ки ин имкониятҳоро дуруст истифода барем ва барои пешрафти худ ва пешрафти ватани азизамон саҳмдор бошем.

Фалсафаи вақт ва фазо як шохаи фалсафа буда, масъалахои онтология, гносеология ва моҳияти фазо ва замонро меомузад.

Вақт – моликияти бунёдии мавҷудият аст, ки дар шакли ҳаракат, тағйир ва рушди ашё аз гузашта, ба воситаи ҳозира ба оянда ифода меёбад. Мафҳуми «вақт» тағйирёбандаи бебозгашти ҳаёт, хусусияти мурофиавии мавҷудияти он, мавҷудияти на танҳо «чизҳо» (объектҳо, предметҳо), балки воқеаҳоро низ тасаввур мекунад.

Андешаҳо ва назарияҳо дар давраи қадим ва асрҳои миёна:

Аввалин изҳорот дар фалсафа дар мавзӯи вақт ба мутафаккири Мисри қадим Птаххотеп (тақрибан 2650-2600 пеш аз милод) тааллуқ дорад. Ӯ навиштааст: «Вақте, ки дар паи нафсҳо сарф мешавад, кам накунед, зеро беҳуда сарф кардани вақт хилофи рӯҳ аст»

Аввалин матнҳои ҳиндуизм “Ведаҳо” (тақрибан асри 16 то милод) космологияи ҳиндуҳоро тавсиф мекунанд, ки дар он коинот давраҳои такрории офариниш, харобшавӣ ва эҳёро аз сар мегузаронад, ки ҳар як давра 4,320,000 сол давом мекунад. Дар муқаддимаи китоби аввали Санҷаяи «Махабҳарота» мегӯяд: «Будан ва набудан, хушбахтӣ ва бадбахтӣ – ҳамаи ин реша дар вақт дорад. Вақт ба камолоти мавҷудот мебарад, аммо вақт онҳоро нобуд мекунад. Боз вақт ором мекунад вақтеро, ки махлуқотро сӯзонд. Вақти он расидааст, ки ҳама эҳсосот, фикрҳои мусоид ва номатлубро дар ҷаҳон тағйир диҳад. Вақт тамоми мавҷудотро несту нобуд мекунад ва онҳоро дубора меофарад. Вакт барои тамоми махлукот як хел беихтиёр мегузарад.

Дар китоби «кохелет» гуфта шудааст: «Барои ҳама чиз вақт ва вақти ҳар кор дар зери осмон ҳаст: вақти таваллуд ва вақти мурдан; вақти шинондан ва вақти канда гирифтани чизи шинондашуда; вақти бемор шудан ва вақти шифо додан; вақти вайрон кардан ва вақти сохтан; вақти гиря кардан ва вақти хандидан; вақти мотам ва вақти рақс кардан; вақти сангпартоӣ ва вақти ҷамъоварии сангҳо; вақти ба оғӯш гирифтан ва вақти барои парҳез аз оғӯш кардан; вақти ёфтан ва вақти гум кардан; вақт барои сарфа кардан ва вақт барои партофтан; вақти даридан ва вақти дӯхтан; вақти хомӯшӣ ва вақти сухан гуфтан; вақти дӯст доштан ва вақти нафрат кардан; вақти ҷанг ва вақти сулҳ».

Аз андешаҳои дар боло овардашуда маълум мешавад, ки дар тамоми давру замонҳо одамон ба вақт диққати хос медоданд, вақтро самаранок истифода мекарданд, вақтро муқаддас мешумориданд. Акнун вақте расидааст мо реҷае тартиб диҳем, ки дар он истифодаи дурусти вақт ба назар гирифта шавад. Ин ба мо иконияит медиҳад барои омӯхтани самти интихобкардаамон донишҳои зиёде ба даст орем, ки дар фаолияти имрӯз ва фардоямон дастгири мо шавад. Устод Умари Хайём дар ин бора мегуянд:

Ин ақл, ки дар роҳи саодат пуяд,

Рузе сад бор худ туро мегуяд:

“Дарёб ту ин якдама вақтат, ки най,

Он тарра, ки бираванду дигар руяд.”

Гулов Наврӯз – ассистенти кафедраи математика ва информатикаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

 

Categories: News