Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ рушду густариши ҳамкориҳои илмиву методиро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ меҳисобад. Дар ҳамин замина, рӯзи гузашта ҳайати муассиса дар II Всероссийский Фестиваль методических идей с международным участием, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, бо дастовардҳои назаррас ҳузур пайдо кард.
Дар ҷараёни фестивал Амруллозода Фарзона Амрулло, сардори шуъбаи илм ва инноватсия, бо маърӯзаи мазмунӣ таҳти унвони «Учебная модель STEM и урок по модели Е5» суханронӣ намуда, паҳлӯҳои нави методикаи таълим, таҷрибаи муосир ва роҳҳои воридсозии STEM ба раванди таълимро муаррифӣ кард. Баромади ӯ аз ҷониби ҳайати таҳқиқотӣ ва педагогии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург бо Сертификати Спикер қадрдонӣ гардид.
Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар густариши ҳамкориҳои илмӣ, ташкили иштироки ҳайати педагогии коллеҷ дар фестивал ва дастгирии пайвастаи лоиҳаҳои инноватсионӣ, Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Азимов Холиқназар Ҳакимович аз ҷониби Инженерная школа одежды СПбГУПТД бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Тарафҳои баргузоркунанда таъкид намуданд, ки иштироки Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ нишондиҳандаи сатҳи баланди касбии омӯзгорон, омодагии онҳо ба навовариҳо ва қобилияти муаррифии таҷрибаи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ минбаъд низ дар ҳадафи рушди потенсиали кадрӣ, татбиқи технологияҳои нави таълимӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалии илмӣ-методӣ бо масъулияти баланди татбиқ амал хоҳад кард.