Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмии байналмилалиро яке аз самтҳои муҳими рушди касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ мешуморад. Дар ҳамин замина, намояндагони муассиса дар II Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Интеграция и инновации в энергетике, программировании и юриспруденции», ки дар Федератсияи Россия баргузор гардид, бо дастовардҳои назаррас ҳузур пайдо намуданд.
Дар натиҷаи иштироки фаъол ва саҳмгузорӣ дар муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи энергетика, Азимов Холикназар Ҳакимович, Сафаров Илҳомҷон Исмоилович ва Сафаров Парвиз Маҳмадалиевич бо сертификатҳои расмӣ қадрдонӣ гардиданд. Сертификатҳо аз ҷониби Федерального государственного бюджетного образовательного учреждения высшего образования «Южно-Российский государственный политехнический университет (НПИ) имени М.И. Платова» ва Частного профессионального образовательного учреждения «Кавминводский энергетический техникум» пешниҳод карда шуданд.
Қадрдонии намояндагони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ нишонаи эътирофи сатҳи баланди омодагии касбӣ, иштироки фаъол дар равандҳои илмӣ ва саҳми муассир дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ба ҳисоб меравад. Иштироки онҳо дар чунин конференсияҳо барои мубодилаи таҷриба, ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва густариши робитаҳои касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ минбаъд низ ҷиҳати рушди иқтидори илмӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолияти худро пайгирона идома хоҳад дод.