Санаи 30-уми майи соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев мароси ҷоизасупории Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» бо иштироки роҳбарону масъулини соҳаи таҳсилоти касбӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳадафи асосии Фестивали мазкур таҳкими шавқу рағбати ҷавонон ба касбомӯзӣ, рушди тафаккури эҷодӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир барои бозори меҳнат ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар фестивали мазкур мазкур 8 нафар аз МДТ “Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ” фаъолона иштирок намуда, 4 нафари онҳо аз рӯйи номинатсияҳои таъминоти барқ, таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ, ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ, ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Мусоев Маҳкам Мусоевич (донишҷӯи курси 2) – сазовори ҷойи 1

Сангакиён Абдурашид (донишҷӯи курси 3) – сазовори ҷойи 1

Негматов Муҳаммад Абубакрович (донишҷӯи курси 1) – сазовори ҷойи 2

Юнусов Сайдаҳмад Ҳокимович (донишҷӯи курси 1) – сазовори ҷойи 3

Ғолибон дар номинатсияҳои таъминоти барқ, таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ, ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ, инчунин ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат маҳорати баланди худро нишон доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон бо дипломҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Иштироки фаъолонаи донишҷӯён аз сатҳи хуби омодагии касбӣ ва заҳмати шабонарӯзии омӯзгорони коллеҷ шаҳодат медиҳад.
Роҳбарият ва аҳли омӯзгорони муассиса ғолибонро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, ба онҳо дар роҳи таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоянд!