Санаи 21.05.2026 дар толори фарҳнгии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ таҳти унвони ” Тоҷикистон бо ҷавонон хуррам аст” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Ташев Ҳамза, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе роҳбарият ва кормандону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ иштирок доштанд.
Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Одинаев Раҳмоналӣ кушода намуда, қайд кард, ки воқеан, ҷавонон – ворисони асилу арзандаи миллат, нерӯи бузурги бунёдкориву ояндасози давлат, қишри ҳассосу баландпарвози ҷомеа, созандагону имрўзу фардо, манбаи ғояҳои нав, идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи худ, ташаббускору қувваи пешбаранда ва сарвати миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя намуда, онҳоро “Умеди фардо, захираи тиллоӣ ва стратегии давлату миллат” ном мебаранд.
Сипас, дар қисмати фарҳангии чоранибинӣ, донишҷӯён бо хондани шеъру суруд, рақсҳои зебо ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дар охир ба якчанд нафар фаъолони муассиса сипосномаҳо аз ҷониби бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур тақдим карда шуд.